Дар ҳамин ҳол «Парвоз» бо 38 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст. «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ки як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 35 имтиёз дар зинаи дувум ҷойгир шудааст. Дастаи «Хуҷанд» бо 32 имтиёз дар ҷои севум мебошад.
Ҳамлагари «Парвоз» Нуъмонҷон Ҳакимов, ки 14 гол ба самар расондааст, дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин дар ҷои аввал қарор дорад. Суҳроб Ҳамидов, ҳамлагари тими «Энергетик», бо 10 гол дар ҷои дувум мебошад.
Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот то 9-уми июл
Ҷ | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т | И |
1. | «Парвоз» | 15 | 12 | 2 | 1 | 38-11 | 38 |
2. | «Регар» ТадАЗ | 14 | 11 | 2 | 1 | 46-11 | 35 |
3. | «Хуҷанд» | 14 | 10 | 2 | 2 | 16-6 | 32 |
4. | «Вахш» | 14 | 8 | 2 | 4 | 20-12 | 26 |
5. | «Динамо» | 14 | 6 | 4 | 4 | 20-17 | 22 |
6. | «Тоҷиктелеком» | 16 | 6 | 0 | 10 | 21-26 | 18 |
7. | CSKA «Помир» | 15 | 5 | 0 | 10 | 10-27 | 15 |
8. | «Энергетик» | 16 | 4 | 3 | 9 | 21-30 | 15 |
9. | «Равшан» | 17 | 4 | 1 | 12 | 19-42 | 13 |
10 | «Саройкамар» | 16 | 3 | 4 | 9 | 24-33 | 13 |
11 | «Гвардия» | 15 | 3 | 2 | 10 | 14-34 | 11 |
Бозиҳои даври ХIХ: 11-уми июл - «Динамо» - «Равшан», CSKA «Помир» – «Хуҷанд», «Энергетик» – «Парвоз», «Вахш» – «Саройкамар». 12-уми июл. «Тоҷиктелеком» – «Гвардия».