Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори Озодӣ дар Туркманистон озод шуд


Сазак Дурдимуродов, хабарнигори озоди бахши туркмании Радиои Озодӣ
Сазак Дурдимуродов, хабарнигори озоди бахши туркмании Радиои Озодӣ

Хабарнигори озоди бахши туркмании Радиои Озодӣ Сазак Дурдимуродов, ки ду ҳафта қабл аз сӯи пулис ҳабс шуда буд, озод карда шуд.

Отаҷон, писари Дурдимуродов дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ бозгашти падараш ба манзилро тайид кард ва гуфт: “Рӯзи ҷумъа, расо ду ҳафта баъд аз ғайб заданаш падарам ба манзил баргашт. Ӯ худро хуб эҳсос мекунад ва сиҳаташ низ хуб аст. Падари ман ба ҳамаи созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқ арзи сипос мекунад ва дар корҳояшон барор мехоҳад”.

Сазак Дурдимуродов, омӯзгори фанни таърих ва шореҳу меҳмони доимии барномаҳои бахши туркманиии Радиои Озодӣ рӯзи 20-уми июн дар манзили зисташ дар шаҳри Баҳордин, воқеъ дар 200-километрии ғарби шаҳри Ашқобод боздошт шуда буд. Чаҳор рӯз баъд хонумаш ӯро дар зиндони шаҳр пайдо кард ва Дурдимуродов он вақт гуфта буд, ки ӯро латукӯб ва барои рад кардани пешниҳоди қатъи ҳамкорӣ бо Радиои Озодӣ бо ноқилҳои барқӣ шиканҷааш кардаанд. Баъдан Дурдимуродов ба бемористони маризиҳои рӯҳии вилояти Лебоп, воқеъ дар шарқи кишвар интиқол дода шуд ва то рӯзҳои ахир он ҷо нигоҳ дошта мешуд.

Ҷефрӣ Гедмин, раиси Радиои Аврупои Озод – Радиои Озодӣ дар робита ба боздошт ва латукӯбу шиканҷаи Дурдимуродов як изҳороти шадидуллаҳн пахш кард. Созмонҳои “Гузоришгарони бидуни марз” ва Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон низ боздошту шиканҷаи хабарнигорро маҳкум ва раҳоии ӯро талаб карда буданд. Вазорати хориҷаи Амрико эълом дошт, ки аз боздошт ва шиканҷаи Дурдимуродов сахт нигарон аст.

Том Кейсӣ, намояндаи Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида гуфта буд, ки “ҳама гуна таҳдид ба хабарнигорон – ин поймолсозии ҳуқуқи инсон” аст. Дар робита ба ин ҳодиса созмони Amnesty International ё Афви байнулмиллал дар як баёния мақомоти Туркманистонро барои таъқибу фишор болои хабарнигорони мустақил, аз ҷумла, хабарнигорони Радиои Озодӣ мавриди интиқод қарор дода буд.

XS
SM
MD
LG