Дар ҳоле ки корхонаи алюминийи тоҷик мавсум ба «Талко» барои 1 киловатт/соат нерӯи барқи сарфкардааш каме бештар 5 аз дирам мепардозад.
Ғафурҷон Расулӣ, сухангӯи Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, мегӯяд, давлати Тоҷикистон барои масрафкунандагони нерӯи барқ таъруфаҳои наверо ҷорӣ кардааст, ки афзоиши 75 дарсадиро пешбинӣ мекунад: «Барои истифодабарандагони саноъатӣ ва ғайрисаноъатӣ 10, 95 дирам, барои ширкати алюминийи тоҷик 5, 15 дирам, барои истифодабарандагони мақомоти буҷавӣ ва соҳаҳои коммуналиву нақлиёти барқӣ 4, 35 дирам, барои насосҳо ва истгоҳҳои насосҳои обкашӣ 2, 91 дирам ва барои аҳолӣ бо назардошти андоз аз арзиши изофа 4, 8 дирамро ташкил медиҳад».
Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, таъруфаи фурӯши нерӯи барқ бо пешниҳоди ширкати «Барқи тоҷик», вазорати энерживу саноъат ва дигар мақомоти марбутаи кишвар таъйин шуда ва ҳукумати Тоҷикистон онро тасдиқ кардааст. Ва бар асоси нархномаи ҷадид ширкати «Талко» танҳо корхонаи саноъатӣ дар кишвар аст, ки бо нархи арзонтарин нерӯи барқ масраф мекунад ва дар ин замина имтиёзи махсус дорад.
Шодӣ Шабдолов, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз чунин тасмими ҳукумат, ки барои як ширкати махсус имтиёзи вижа қойил шудааст, интиқод кард ва ин иқдомро муғойир бо қонуни асосии кишвар, ки давлатро давлати иҷтимоъӣ мехонад, арзёбӣ кард. Оқои Шабдолов инчунин мутазаккир шуд, дар замони шӯравӣ шароити фурӯши нерӯи барқ дуруст баръакси қароре, ки ҳоло ҳукумати Тоҷикистон қабул кардааст, таъйин шуда буд: «Дар давраи шӯравӣ барои арсаи саноъат назар ба аҳолӣ барқ гаронтар фурӯхта мешуд. 0,1 сент барои Хоруғ дода мешуд. Барои саноъат нарх 0,4 буд. 4 баробар гаронтар нисбати аҳолӣ ба соҳаи саноъат фурӯхта мешуд. Ҳозир ин хел нест. Мо бояд ба ягон корпоратсия дар нархгузорӣ нисбат ба аҳолӣ имтиёз надиҳем. Заводи алюминий ё «Талко», ки як корхонаи бузургтарини саноъатии Тоҷикистон аст, 60 %-и тавлидоти нерӯгоҳи «Норак»-ро масраф мекунад ва инчунин нархи қариб бо нархи ба аҳолӣ муқаррар карда баробар набояд, ки пардохт кунад. Барои ин ягон асос нест, асоси иқтисодӣ надорад».
Ин ҳам дар ҳолест, ки Зубайдуллоҳи Розиқ, имомхатиби яке аз ибодатгоҳҳо дар шаҳри Душанбе, бо нигаронӣ аз нархгузории истифодаи нерӯи барқ барои масоҷид гуфт, мутаассифона дар кишвари мо корҳое сурат мегирад, ки дар бақия кишварҳои олам назир надорад. Оқои Розиқ афзуд, ки дар ҳоле масоҷид чизе истеҳсол намекунанд, намефурӯшанд ва даромад низ надоранду танҳо бо маболиғи садақоту хайрия амал мекунанд, барояшон таъйини болотарини нарх барои масрафи нерӯи барқ навъе фишор аз ҷониби мақомот аст: « Дар мавриди нарху навои қувваи барқ барои масҷидҳо, ниҳоят аз андоза зиёд аст ва, фикр мекунам, он ниҳодҳое, ки нархгузорӣ мекунанд, шояд ҳисоби даромади масоҷидро ба инобат нагирифтанд. Масҷидҳо чизе истеҳсол намекунанд, даромади беруна надоранд, даромади зиёде надоранд, ки қимати қувваи барқро гарон бисупоранд, ки нархи онро боло бурдаанду аз нархи корхонаҳои истеҳсолкунанда болотар гузоштаанд, чанд бароабр боло гузоштаанд, ки ин аз рӯи ба ҳисоб нагирифтани шароити масоҷид аст. Аз як лиҳоз ин як навъ фишооварӣ болои масоҷид аст ва ин аз рӯи ахлоқ кори он қадар хуб нест».
Аммо бо ин вуҷуд масъулони Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон гуфтанд, ин навбати ниҳоии афзоиши баҳои фурӯши нерӯи барқ нест ва қарор аст, ки дар соли оянда низ нархи фурӯш боз ҳам гаронтар шавад. Зеро ин амр аз талаботи муассисоти байнулмилалии молӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байнулмилалии пул, бармеояд, ки мегӯянд боло бурдани нархи фурӯш имкони ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаро дар Тоҷикистон беҳтар хоҳад кард ва, аз тарафи дигар, ниҳодҳои масъули тавлид ва фурӯши нерӯи барқ дар кишвар низ аз ин роҳ метавонанд мушкилоти худро ҳал кунанд.