Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин парапланистҳои ҷавони тоҷик


Нахустин гурӯҳи парапланистҳои Тоҷикистон ин риштаро хатм карданд. Парапланист будан яъне чи? Ва оё зараруте ба соҳибони ин касб вуҷуд дорад?

Робия ҷалолова, як ҷавондухтари тоҷик парвози аввалини худро чанде пеш бо тайёраи АН-2 анҷом дод. Робия аз наврасӣ ба фарқ аз дугонаҳояш ба касби халабонӣ шавқ доштааст. Ӯ аслан хатмкунандаи дигар ришта аст, вале бо даст додани аввалин имконот орзӯи деринаи худро ҳам амалӣ намудааст. Ӯ акнун ягона духтарест, ки дипломи ҳавонавардии авиатсияи хурди Тоҷикистонро дорад.

Робия мегӯяд, «албатта барои духтарон корбарӣ бо қисмҳои мошин мушкил аст, ба вижа бо қисмҳои ҳавопаймо, ва аз ҳамин ҷиҳат ман ҳам каме мушкил доштам, аммо дигар дар рондани тайёра аслан ягон мушкил надорам».

Дар баробари Робия ахиран 22 нафар ҷавписари тоҷик ҳам нахустин маркази омӯзишии халабониро, ки ахиран дар назди бошишгоҳи ҷумҳуриявии ҳавопаймоӣ таъсис ёфт, хатм карданд. Ҷалолиддин Ҷамолов, раҳбари маркази мазкур, мегӯяд, баъд аз 6 моҳи таҳсил ҷавонон метавонанд мустақилона ҳавопаймоҳои хурд, ба мисли АН-2-ро идора намоянд. Ба гуфти ӯ, зарурати таъсиси чунин марказ дар кишвар ва омодасозии халабонҳои ҳавопаймоҳои хурд барои нобуд кардани малаху дигар ҳашаротҳо, ки солҳои ахир ба риштаи кишоварзии Тоҷикистон зарар мерасонанд пеш омадааст.

Ҷалолиддин Ҷамолов афзуд, «ҳамаи лётчикҳои мо дар давлатҳои собиқ СССР, Русия, Қазоқистон ва Укроин таҳсил мекарданд. Ва ин бор мо маҷбур шудем, ки як курси кутоҳмуддати омӯзишӣ дар базаи аэероклуб ташкил кунем. Дар мо ҳамаи шароитҳо ҳаст. Инҳо, ки аввалин лётчикҳои дохилӣ ҳастанд, барояшон бештар таҷриба лозим аст».

Ба гуфти оқои Ҷамолов, нахустин муҳассилини маркази омӯзишии ҳавопаймоҳои хурд ҷавононеанд, ки то андозае ба ин соҳа ошноӣ доранд. Аммо сар аз соли оянда дар марказ ҳама ҷавонони хоҳишманд, хонандагони синфи 9 ва 10 ҳам метавонанд ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Омӯзиш дар ин марказ бо забони русӣ аст ва мушкили масъулин ҳам дар набуди матолиби тоҷикӣ ва муттахассисони дохилӣ аст. Ҳамчунин набуди маблағи кофӣ барои парвозҳои санҷишӣ аз дигар мушкили соҳа будааст. Дар 15 соати дарсӣ тақрибан 4 тонна сузишворӣ масраф мешудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфти як хатмкунандаи маркази талимии ҳавопаймоҳои хурд, барои мустаъқилона идора намудани як ҳавопаймо танҳо 6 моҳи омӯзишӣ кофӣ нест. Ҷалолиддин Ҷамолов мегӯяд, онҳо бояд ҳарчи бештар дар ҳавопаймоҳо таҷриба кунанд: «Барои мо бисёр душвор аст, чунки ҳавопайморо дар баландии 5-10 метр идора кардан лозим аст. Барои ин таҷрибаи зиёд лозим аст. Мумкин 1 ё 2 сол. Мушкили дигар дар дурии баззаи таҷрибавии мост, ки дар Фахробод - 30-35-километрии Душанбе ҷойгир шудааст. Шояд ба мо донишҷӯён ягон автобус ё нақлиёти махсус ташкил кунанд».

Вале дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон ягон омӯзишгоҳи махсуси ҳавопаймоӣ нест ва хоҳишмандон бо кӯмаки фурӯдгоҳҳо дар хориҷи кишвар бештар дар Русияву Қирғизистон таълими халабониро аз худ мекунанд. Ба гуфти муттахассисон, барои таъсиси чунин як омӯзишгоҳ дар Тоҷикистон мушкили рақами аввал дарёфти муттахассисони ҳирфаӣ аст. Садриддин Муҳидддинов, мудири осорхонаи бошишгоҳи ҷумҳуриявии ҳавопапаймоӣ, мегӯяд, имрӯз касби халабонӣ миёни ҷавонон нуфӯз надорад ва ғолибан волидон ҳам ба фарзандонашон интихоб ин соҳаро тавсеъа намедиҳанд.

Аммо аксари ҷавонон мегӯянд, мехоҳанд летчик бошанд, вале имкони молӣ надоранд ва ҳам аз сӯи дигар ба боварии онҳо таҳсил дар ин соҳа аз ҳар ҷиҳат ба вижа аз ҷиҳати молӣ барояшон мушкил аст.

XS
SM
MD
LG