Ин навишта дар посух ба хабари дарҷшуда дар сайти centrasia.ru аст, ки мегуфт оқои Атовулло имрӯз бо ташкили нишасти хабарӣ дар шаҳри Маскав вазъи феълӣ дар кишварро ба хабарнигорон тавзеҳ хоҳад дод. Муаллифони матлаби мунташира дар сомонаи "Ховар" огаҳии оқои Атовулло аз вазъи кунунии кишварро ба ин далел,ки вай тайи солҳои ахир берун аз қаламрави Тоҷикистон ба сар мебарад, зери шубҳа гузошта ӯро бар нодида гирифтани пешрафтҳои замони истиқлолият таҳти раҳбарии президент Раҳмон мавриди интиқод қарор додаанд.Аммо Додоҷони Атовулло, ки хабари баргузории нишасти матбуотии ӯро дар Маскав дар таърихи 24 июн нашрияи «Комсомолская правда» низ мунташир кардааст, дар як тамоси телефонӣ бо Озодӣ гуфт, авзоъ дар Тоҷикистонро хуб медонад ва ҳадафи баргузории нишасти матбуотиаш дар шаҳри Маскав ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳолати бӯҳронии ватанаш ва ҳамзамон ба унвони раиси як созмони иҷтимоии сиёсӣ дархости истеъфои ҳукумати Тоҷикистон аст.
Хабаргузории давлатии Тоҷикистон "Ховар" матлаби танқидиеро дар бораи Додоҷон Атовуллоев, раиси созмони ғайрирасмии «Ватандор», нашр кардааст.