Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарҳанги Маскав дар Душанбе


Қарор аст имрӯз Юрий Лужков, раиси шаҳри Маскав барои ширкат дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Маскав дар Душанбе вориди Тоҷикистон шавад.

Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Маскав дар Душанбе аз 23 то 25 июн идома хоҳад дошт. Маросими расмии ифтитоҳи ин чорабинӣ дар Кохи Ваҳдати Душанбе сурат мегирад. Юрий Лужков дар ҷараёни сафари худ бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дидор ва мулоқот хоҳад кард. Ҳамчунин мулоқоти ӯ бо ҳайати фармондеҳӣ ва сарбозони пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ва бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи славянӣ - муассисаи муштараки Русияву Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

XS
SM
MD
LG