Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти муассисаҳои имдодӣ шуруъ шуд



Абдуқайюми Қайюмзод



Ҷиҳати ҳамоҳангсозии барномаҳои стратегии имдодӣ ба Тоҷикистон дар зарфи солҳои 2004 то 2007 Федератсияи байналмилалии Салиби Сурх ва ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон як нишасти серузаро дар шаҳри Душанбе шуруъ кард.

Ҷура Инъомзода - раиси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар Тоҷикистон гуфт, Созмони Ҷаҳонии Салиби сурх, Созмони Салиби Сурхи Ҳолланд, Муассисаи имдодии Иттиҳодияи Аврупо - ЕКО ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон як барномаи муштаракеро таҳия хоҳанд кард, ки тибқи он дар давоми чаҳор соли минбаъда ҳаҷми кумакҳо ба муассисоти ибтидоии тиббӣ дар деҳот ва навоҳии кишвар тадриҷан ихтисор хоҳад шуд. Оқои Инъомзода афзуд, дар ҳоли ҳозир ба 800 муассисоти тиббӣ дар навоҳии тобеи марказ, русто ва навоҳии вилояти Хатлон солона 2 маротиба аз тарафи ин созмонҳо кӯмак расонида мешавад.

Хонум Виолета Ломбартс - ҳамоҳангсози барномаҳои ёриҳои башардустонаи Салиби Сурхи Ҳолланд - гуфт, созмони онҳо тайи даҳ соли ахир ба муасиссоти тиббӣ, аз ҷумла ба бемористонҳои навоҳии вилояти Хатлон ва ҳамчунин дар ҳолатҳои рух додани офоти табиӣ дар дигар манотиқи кишвар кумак кардааст ва дар ҳоли ҳозир низ ироаи чунин ёриҳои башарӣ идома хоҳад ёфт. Хонум Ломбартс афзуд, дар соли гузашта ба миқдори панҷсад ҳазор евро ба Тоҷикистон кумак расонида шудааст, вале дар соли равон ин рақам то чаҳорсад ҳазор коҳиш хоҳад ёфт.

Хонум Ломбартс гуфт, иллати коҳиши ҳаҷми кумакҳо ин аст, ки қаблан дар Тоҷикистон ҳолатҳои фавқуллода бештар рух медод ва аз суи дигар ин кишвар дар марҳалаи гузариш қарор дошт. Аммо ҳоло вазъияти фавқуллода дар Тоҷикистон камтар ба мушоҳида мерасад. Ба ҳамин далел муассисаи имдодии Иттиҳодияи Аврупо, ки маъмулан дар чунин ҳолатҳо ёрӣ мерасонад, тасмим гирифт, ки ҳаҷми кумакҳо коҳиш дода шавад.

XS
SM
MD
LG