Салими Аюбзод
Ба иттилоъи хабаргузориҳои Русия, дар шаҳри Тюмен бар асари сӯхтор се шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд. Вазорати вазъиятҳои фавқулоддаи Русия гуфт, кӯшишҳои наҷоти муҳоҷирон, ки дар як вагончаи чӯбӣ мезистанд, натиҷа надодаанд. Шахсияти танҳо яке аз онҳо муайян шудааст, ки соли таваллудаш 1961 буда, дар сохтмон кор мекардааст.
Соли 2002 ҷинояткорони маҳаллӣ се шаҳрванди Тоҷикистонро дар шаҳри Сургут дар як вагончаи чӯбӣ маҳкам карда, оташ зада буданд.