Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмонов чанд маҳбусро авф кардааст



Абдуқайюми Қайюмзод



Комиссияи назорат бар ҳуқуқи инсони назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон эълом кард, ки дар соли гузашта 116 аризаи дархости авфи гуноҳи шаҳрвандони кишвар унвонии раиси ҷумҳур мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Саидамир Зуҳуров - муовини нахуствазир ва раиси комиссияи мазкур гуфт, ки дар асоси номаҳои додхоҳии маҳкумшудагон ва мусоидати масъулини додгоҳҳои кишвар як бори дигар парвандаҳои ҷиноии ин афрод бозомузӣ ва ба ҳар кадоми онҳо посухи мушаххас додааст.

Оқои Зуҳуров афзуд, ки аз 116 афроди маҳкумшуда 12 нафар ба номаҳои худ посухи мусбат дарёфт карда ва онҳо аз адои минбаъдаи ҷазо дар зиндонҳо озод шуданд. Нисбати 21 нафар аз ин теъдод бо назардошти шароити оилавӣ, синну сол ва вазъи сиҳатӣ, раиси ҷумҳур бо истифода аз ваколатҳои конститутсиониаш муҳлати ҷазои маҳрумият аз озодиро коҳиш додааст.

Саидамир Зуҳуров идома дод, дар асоси муроҷиати сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон 17 нафар аз атбои ин кишвар, ки дар қаламрав ва марзи Тоҷикистон даст ба ҷиноёт зада, вале кирдори онҳо тибқи қавонини кайфарии кишвар ба ҷароими махсусан сангин робита надорад, бо як фармони раиси ҷумҳур мавриди афв қарор гирифтанд.

XS
SM
MD
LG