Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Тоҷикистон кумаки нав медиҳанд



Нурмуҳаммади Холзода



Бино ба иттилоъи хабаргузории "Итар Тасс", кишварҳои донор барои барномаҳои рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон 5 миллион доллар ихтисос додаанд.

Ин сармоя барои иҷрои барномаҳои худидории маҳаллӣ ба масраф мерасад. Игор Боск - раиси намояндагии Барномаҳои Рушди СММ дар нишасти хабарие дар шаҳри Душанбе изҳор доштааст, ки то поёни сол мумкин аст, мизони ин кумак то ба 10-12 миллион доллар афзоиш ёбад. Игор Боск ҳамчунин гуфтааст, то соли 2006 ин барномаи кумак тақрибан якуним миллион нафарро фаро хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG