Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Александр Манилов боз ба Душанбе меояд



Тоҳири Сафар



Як гуруҳи коршиносони низомӣ, таҳти сарварии муовини раҳбари Хадамоти марзбонии Русия генерал-лейтенант Александр Манилов рузи 16 феврал ба Душанбе меояд. Ин ҳайъат ба гуруҳи дигари коршиносони рус мепайвандад, ки дар шаҳри Душанбе бо низомиёни Тоҷикистон созишномаи нави ҳузури неруҳои марзбонии рус дар ин кишварро баррасӣ мекунанд.

Созишномаи байнидавлатие, ки шароити ҳузури неруҳои марзбонии Русия дар Тоҷикистонро муқаррар мекард, соли 1993 имзо шуда буд ва муҳлати он ба поён расид. Тоҷикистон мехоҳад, тибқи созишномаи нав соли равон ҳифозати 600 километри хатти марзи миёни Тоҷикистону Афғонистонро ба уҳда бигирад.

Қисмати зиёди марзи 1300 километрии Тоҷикистон бо Афғонистонро асосан сарҳадбонони рус посбонӣ мекунанд. Генерал Манилов дар як мусоҳибаи қаблиаш гуфта буд, бо муҷарради омода шудани сарҳадбонони тоҷик марзбонони рус ҳимояти марзро ба ихтиёри онҳо месупоранд.

XS
SM
MD
LG