Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи тоҷикони муқими Русия афзудааст


Дар гузориши расмии Кумитаи давлатии омори Русия дар робита ба натиҷагирии саршумории соли 2002-ум гуфта мешавад, шумораи тоҷиконе, ки шаҳрвандии Русияро пазируфтаанд, аз 40 ҳазори соли 1989 дар соли 2002 то 120 ҳазор афзоиш ёфтааст.

Дар гузориш тавзеҳ шудааст, тоҷикон дар Русия аз нигоҳи фоизи афзоиш пас аз арманиҳо, ки тайи даҳ соли ахир аз нигоҳи фоизи афзоиш пас аз арманиҳо, ки тайи даҳ соли ахир аз ним миллион, ба беш аз 1 миллион афзоиш ёфтаанд, дар мақоми дуввум қарор доранд. Озарбойҷониҳо ва чиноиҳо дар ҷойҳои саввум чаҳорум чаҳорум қарор гирифтанд.

Дар муқобил, шумораи яҳудиён ва немисҳои бумии Русия тайи даҳ соли ахир ба андозаи қобили тавваҷуҳ коҳиш ёфтааст. Аксари онҳо Русияро тарк карда, ба ватани аҷдодии худ куч бастаанд.

Ба гуфтаи Сайд Назаров, корманди собиқи намояндагии Тоҷикистон дар шуравии вақт дар Маскав, онҳое, ки то соли 1989 шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд, аксаран низомиён, донишмандони дигар қишрҳои ҷомеа мебошанд, ки аслан шаҳрвандони шуравӣ буданд ва баъди фурупошии шуравӣ ҳам ҳамонро мақомро ҳифз карданд.

Аммо Абдуқодир Ализода, ки солҳои ахир тобеияти Русияро дарёфт кардааст, мегуяд, далели аслии афзоиши шумораи тоҷикон дар Русия паёмади ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, амиқрафти чолишҳои иқтисодӣ ва идомаи муфлисӣ мебошад: "Аз рӯзе, ки мо аз ватан ҳиҷрат кардем, бештар аз даҳ сол сипарӣ шуд. Ростӣ, ки аҳволи мардум дар ватан бадтар шудааст. Аз ҳамин лиҳоз мо маҷбур шудем, ки ҳуқуқи шаҳрвандии Русияро бигирем."

Муҳоҷири тоҷик бар он аст, ки агар вазъи иқтисодии Тоҷикистон ба дастури феълӣ боқӣ бимонад, мардум ба ночор хостори зиндагӣ дар мулки бегона хоҳанд шуд.

Лозим ба ёдоварист, қонуни шаҳрвандии Русия ба атбоъи таҳсилдида ва соҳибихтисоси кишварҳои шуравии собиқ, ки аз шаҳрвандии кишвари худ даст мекашанд, дар навбати аввал шаҳрвандӣ медиҳад. Дар ҷавоб ба ин қонуни Думаи давлатии Русия, парлумони Тоҷикистон қонуне содир кардааст, ки тибқи он шаҳрванди тоҷик бо дарёфти шаҳрвандии кишвари дуввум аз шаҳрвандии кишвари худ маҳрум нахоҳад шуд. Дар ин бора намояндаи дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ахиран тайи як мизи гирд дар Маскав хабар дод.

Бино ба оморҳои сафорати Тоҷикистон дар Маскав, дар Русия наздик ба ду ҳазор донишҷуи тоҷик таҳсил мекунад. Шумораи муҳоҷирони тоҷик дар Русия расман наздик ба 400 ҳазор гуфта мешавад.

Тоҷикон дар саросари Русия аксаран дар сохтмонҳо ва бозорҳо кор мекунанд. Аз суҳбатҳои инфиродӣ бармеояд, ки аксари онҳо хостори дарёфти шаҳрвандии Русия ҳастанд. Ба гуфтаи оворагони тоҷик, дарёфти шаҳрвандии Русия мушкили иқомати онҳоро дар ин кишвар осон мекунад.

XS
SM
MD
LG