Мирзои Салимпур
Ожонсии ИТАР-ТАСС аз қавли мақомоти умури дохилаи вилояти Свердловски Русия навишт, дар шаҳри Екатеринбург як шаҳрванди Тоҷикистон аз заҳри ҳероин кушта шудааст.
Ҷасади ин шаҳрвандро мақомоти милиса аз як манзили воқеъ дар маркази маъмурии вилояти Свердловск, шаҳри Екатеринбург пайдо карданд. Ташхиси тиббӣ баъдан вуҷуди 55 халтачаи ҳомили 450 грамм ҳероинро дар меъдаи у нишон додааст.
Тафтишот дар меъдааш кафидани 4 халтачаи ҳероинро сабаби ҳалокати ин қочоқбар гуфтааст.
Дар ҳамин ҳол, аз хадамоти амнияти миллии Узбакистон ба хабаргузории "Интерфакс" хабар додаанд, ки дар ҳудуди вилояти Сурхондарё дар марз бо Тоҷикистон аз дохили як мошини сабукрави навъи "Жигули" қариб 37 кило ҳероин ёфт ва мусодира кардаанд.
Кашфи чунин миқдори бузурги маводи мухаддир бо истифода аз сагҳои бугир муяссар шудааст.
Дар робита ба ин кушиши қочоқи ҳероин мақомоти Узбакистон парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд, вале ҳуввияти фард ё гуруҳи қочоқбар оварда нашудааст.