Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қочоқи маводи мухаддир манбаи даромади гуруҳҳои террористӣ



Холиқи Сангин

Идомаи вижагуфтори "Тоҷикистон сангари мубориза бо маводи мухаддир".



Намояндагони аршади сохторҳои амниятии Тоҷикистон ба ин нукта таъкид менамоянд, ки қаламрави Тоҷикистон таввасути гуруҳҳои террористӣ барои ҳамлу нақли маводи мухаддир истифода мешавад, аммо ҳузури кадом гуруҳи террористиро дар қаламрави ин кишвар рад мекунанд.

Ба гуфтаи Абдуҷаббор Ҳомидов - муовини фармондеҳи неруҳои марзбонии Тоҷикистон, бо шуруъи нооромиҳо дар Афғонистон, маводи мухаддир ба унвони манбаи даромад ва хариди силоҳ барои гуруҳҳои террористӣ мавриди истифода қарор гирифт. Оқои Ҳомидов афзуд, бо вуҷуди шуруъи амалиёти зиддитеррор дар Афғонистон ҳануз ҳам заминҳои кишти Афғонистон барои парвариши афюн истифода шуда, хусусан дар чанд соли ахир корхонаҳои истеҳсоли ҳероин афзудаанд ва гуруҳҳои созмонёфтаи мафиозӣ ҳамроҳ бо афроди алоҳида дар дохили Тоҷикистон ҳамчун омилини аслии интиқоли маводи мухаддир марзҳои Тоҷикистонро барои ба хориҷ бурдани ҳероин ва дигар анвои мухаддир истифода мебаранд.

Абдуҷаббор Ҳомидов дар робита ба ин мегуяд: "Барои террористҳо яке аз роҳҳои ба даст овардани пулу амали шумашонро иҷро кардан ин наркотик аст. Онҳо қаламрави моро барои транзит истифода мебаранд."

Дар идомаи ин муовини аввали дабири Шурои амнияти Тоҷикистон Мирзоватан Ҳасаналиев ба ин бовар аст, ки интиқоли маводи мухаддир тавассути қаламрави ин кишвар дар баробари эҷоди таҳдид ба суботу амнияти Тоҷикистону дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна ҳамчунин метавонад, паёмадҳои дигари номатлубро ба бор орад. Мирзоватан Ҳасаналиев муовини дабири Шурои Амнияти Тоҷикистон: "Интиқоли маводи мухаддир на танҳо ба амнияти Тоҷикистон, балки ба суботу амнияти саросари минтақа таҳдид менамояд. Дар натиҷаи интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир сарҳадшиканӣ ба амал меояд. Паёмади дигари ин кор ба ҳалок ва ё корношоям шудани афрод оварда мерасонад. Гузашта аз ин, он маблағҳое, ки аз роҳи фуруш ва интиқоли маводи мухаддир ба даст меоянд, дар ихтиёри гуруҳҳои террористӣ қарор мегиранд."

Оқои Ҳасаналиев афзуд, аксари гуруҳҳои террористӣ ба хотири дарёфти пули осон ҷиҳати анҷоми нақшаҳои хеш кушиш мекунанд, дар Афғонистони ҳоло ноамн амал кунанд. Аз ин ру агар Эътилофи зиддитеррор дар Афғонистон неруи худро дар ин роҳ басиҷ насозад, кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳамеша мавриди таҳдиди гуруҳҳои террористӣ боқӣ мемонад.

Вай мегуяд: На танҳо ба амнияти Тоҷикистон, балки ба амнияти кишварҳои ҳамсояи мо ҳам хатари интиқоли маводи мухаддир бузург аст. Якум онҳо сарҳадшиканӣ мекунанд, дуюм мардуме, ки аз он истифода мебарад, мемирад, корношоям мешавад. Пуле, ки аз фуруши маводи мухаддир ба даст меояд, ба дасти гуруҳҳои террористӣ мерасад."

Сайфулло Сафаров - муовини аввали директори Пажуҳишгоҳи стратегии назди ҳукумати Тоҷикистон қочоқи маводи мухаддир, терроризм, экстремизм ва тундгароии мазҳабӣ як занҷираи ба ҳам пайваст дониста, ин ҳамаро дар як радиф мегузорад. Вай роҷеъ ба ин масъала мегуяд: "Қочоқи маводи мухаддир, терроризм ва эктремизму радикализм ба ҳам зич алоқаманд ҳастанд. Онҳоро наметавон аз якдигар ҷудо намуд, зеро таъминоти молии ҳам терроризм ва ҳам радикализму эктремизм маҳз аз ҳисоби қочоқи маводи мухаддир аст."

Ва аммо муовини аввали раиси Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон, масъули маркази таҳлилии "Диалог" Муҳиддин Кабирӣ мутақоид аст, ки қочоқи маводи мухаддир бештар заминаи иҷтимоӣ дошта, ба терроризм, ки решаи сиёсӣ дорад, иртибот надошта ва аз ин лиҳоз наметавон ин ҳар дуро дар як радиф гузошт.

Оқои Кабирӣ меафзояд, пас аз шуруъи амалиёти Эътилофи зиддитеррор дар Афғонистон пойгоҳҳо ва пояҳои терроризм заъиф шудааст аз ин ру гуруҳҳои боқимондаи Ал-қоида ва Толибон барои бақои хеш ва таъмини силоҳ ба фуруши маводи мухаддир даст мебаранд: "Ин роҳи ҳалли қазия нест, балки қазияро боз ҳам печидатар мегардонад ва бояд, ки ба ҳар ду қазия дар алоҳидагӣ бархурд кард. Терроризм бояд ҳамчун як падидаи сиёсӣ дар алоҳидагӣ баррасӣ шавад ва қочоқи маводи мухаддир ҳамчун як падидаи иҷтимоӣ бояд дар алоҳидагӣ баррасӣ шавад".

Аммо сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Довуди Панҷшерӣ мегуяд, наметавон ҳалқаҳои Ал-қоида ва толибонро дар Афғонистон нодида гирифт, дар ҳоле ки онҳо дар иртибот бо шабакаҳои байналмилалии террористӣ метавонанд, бо ҳамлу нақли маводи мухаддир аз тариқи кишварҳои Осиёӣ Марказӣ ин минтақаро таҳти фишору таҳдид қарор диҳанд. Дипломати афғон бештар идомаи муборизаи Эътилофи зиддитерористиро дар ин кишвар алайҳи гуруҳҳои қочоқбар ва наркобарон таъкид мекунад.

Бо ин ҳол намояндагони сохторҳои амниятии Тоҷикистон ва коршиносону таҳлилгарони масоили минтақа баринанд, ки имконоти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар роҳи ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир таҳким дода шуда ва дар ин роҳ як стратегияи муштарак шакл дода шавад. Ба ин хотир намояндагони ҳукумати Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии масоили маводи мухаддир дар Кобул хостори таъсиси як камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистон шуданд.

XS
SM
MD
LG