Раҳматкарими Давлат
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонов, генерал Ғаффор Мирозоевро раиси Оҷонсии назорат ба гардиши маводи мухаддир дар ин кишвар таъйин кардааст. Ғаффор Мирзоев, собиқ фармондеҳи халқӣ, ки раҳбарии Горди Президентиро тайи 9 соли ахир бар душ дошт, бо амри раисҷумҳур аз вазифааш барканор шуда буд. Ин амри раиси ҷумҳур эътирози генералро барангехт ва у дар як нишасти хабарӣ гуфт, фармони президент як иштибоҳ аст.
Ин амри раисиҷумҳур бо нашри мусоҳибаи Ғаффор Мирзоев дар рузномаи "Рузи нав" ҳамзамон иттифоқ афтод. Ғаффор Мирзоев дар ин мусоҳибааш гуфтааст, ки дигар дар ягон вазифаи ҳукуматӣ кор нахоҳад кард.
Аммо Рустам Назаров раиси собиқи оҷонсии назорат бар гардиши маводи мухаддир дар Тоҷикистон муовини Ғаффор Мирзоев таъйин гардид. Рузи ҷумъа Эмомалӣ Раҳмонов ҳамчунин вазири хоҷагии об, як муовини вазири энергетикаро аз мансабҳояшон барканор кардааст.