Мирзонабии Холиқзод
Рашид Гулов - раиси департаменти сиёсати энержии вазорати энергетикаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистон сохтмони ати баландшиддати барқ бо Қирғизистон ҷиҳати пушиш додани ниёзмандии вилояти Суғд бо неруи барқро шуруъ намуд.
Ба гуфтаи оқои Гулов, ин хати барқ аз тариқи ноҳияи Конибодоми Тоҷикистон ба вилояти Ботканди Қирғизистон васл карда мешавад, ки Қирғизистон бар асоси созишномаи дуҷониба дар фасли зимистон ба вилояти Суғд, ки минтақаи муҳими саноатии Тоҷикистон ба шумор меояд, барқ хоҳад дод.
Бино ба иттилоъи вазорати энергетика, Тоҷикистон натавонист, дар сармои соли равон бо барқи Узбакистон аҳолии худро таъмин кунад. Бар асари мушкилоти хати барқ байни Узбакистон бо Туркманистон, Ишқобод натавонист, ба Душанбе барқ диҳад. Аз ин ру Душанбе ба Бишкек ру овард.
Маблағи сохтмони хати барқ байни Конибодому Ботканд, ки ҳудуди 8 миллион долларро дар бар мегирад, ки вазорати энергетикаи Тоҷикистон ва ҳукумати вилояти Суғд пардохти онро ба душ гирифтаанд. Бино ба иттилоъи вазорати энергетика, талаботи вилояти Суғд бо барқ дар як руз, баробар ба 8 миллион киловат соат мебошад. Неругоҳи барқи обии Қайроқум ҳамагӣ 30 дар сад аз талаботи вилояти Суғдро таъмин мекунад.