Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Н.Назаров:"Матбуоти Русия туҳмат мекунад"



Раҳматкарими Давлат



Нуралишо Назаров - фармондеҳи ситоди кулли неруҳои марзбонии Тоҷикистон - зимни як баёния даъвои рузномаи "Новие Известия" чопи Маскавро, ки навишта буд, генерал Назаров бо қочоқбарони маводи мухаддир ҳамдастӣ дорад, такзиб кард ва гуфт, ғарази ин кор эҷоди тафриқа дар муносиботи Русия ва Тоҷикистон ва халал ворид намудан ба раванди иҷрои созишномаи миёни ду кишвар дар бораи ҳимояти марзҳои Тоҷикистон аст.

"Новие Известия" дар яке аз шумораҳои охири худ навиштааст, ки ҳадаф аз баёнияҳои мукаррари фармондеҳи ситоди нируҳои марзбонии Тоҷикистон генерал Назаров, ки мехоҳад, марзбонони Русия аз марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ихроҷ шаванд, кушодани роҳи васеътар барои гуруҳҳои қочоқбар аст, ки дар пушти сари ин генерали тоҷик қарор доранд. Аммо генерал Назаров дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рузи чаҳоршанбе, 27 январ гуфт, мавриди туҳмат ва иҳонат қарор гирифтааст, зеро ҳеҷ гоҳ бо ҳеҷ гуруҳ ё шахси қочоқбаре алоқа ва ҳамкорӣ надоштааст: "Тавре дар нашрияҳои русӣ навиштаанд, гуё ки агар сарҳадбонони Русия аз ин ҷо бираванд, мо хати сарҳада барои одамоне, ки бо наркотик сару кор доранд, мекушоем. Ва гуё ки дар паси ман наркобаронҳо ҳастанд, ин дуруғ аст. Ман шахсан 24 соли календарӣ ба зидди наркобаронҳо ва наркобизнес мубориза бурдаам. Агар ягон кас дар бораи ман маълумот дошта бошад, ки ман бо ягон гуруҳи қочоқбар робита дошта бошам руирост гап занад. Ин ягон гуруҳи ғаразнок аст, ки барои манфиатҳои худаш чунин мегуяд."

Аммо генерал Назаров медонад, ки ҳадаф аз ин нашарот дар матбуоти Русия на муттаҳам кардани у ба ҳамкорӣ бо гуруҳҳои қочоқбар аст, балки ғараз кинаест, ки бархе гуруҳҳо дар Русия наметавонанд, руйирост бигуянд, ки чаро генерал Назаров ба ҳузури нируҳои марзбони Русия дар Тоҷикистон меҳри чандоне намеварзад. Ва мехоҳад, ки ҳимояти марз ба тадриҷ ба души марзбонони тоҷик вогузор шаванд. Аммо мегуяд фармондеҳи ситоди нируҳои марзбонии Тоҷикистон, алорағми мухолифати ҳар кас ва ҳар гуруҳе нируҳои марзбонии Тоҷикистон барои ҳимояти комили марзҳо омада мешаванд ва қатъан дар асоси нишондоди созишномаи миёни Русия ва Тоҷикистон то тобистони соли равон ҳимояти як қисмати умдаи марзро дар ҳудуди шашсад километр бар душ хоҳанд гирифт.

Генерал Назаров мегуяд, у фаротар аз шароити созишномаи мазкур ҳарфе нагуфтааст ва ин созишномааст, ки ба Тоҷикистон ин ҳақро медиҳад, ки бо муҷарради омода шудани нируҳояш ҳимояти марзҳояшро марҳила ба марҳила бар души худ бигирад: "Иншоолоҳ ман боварӣ дорам, ки то ҳамин тобистона, хатти марзи Тоҷикистону Афғонистонро дар тарафи Помир мо бояд, ки ба уҳдаи худ бигирем. Дар созишномаи соли 1993 дар моддаи нуҳумаш навиштагӣ аст, ки дар вақте ки сарҳадбонони тоҷик қувва мегиранд, пурра мешаванд ва аз уҳдаи ҳифзи сарҳад мебароянд, онҳо марҳила ба марҳила сарҳади Тоҷикистонро бояд бигиранд. Талаботи мо ин аст, ки мо бояд тамоми дидбонгоҳҳои марзи Тоҷикистону Афғонистонро мо бигирем ва ба ин мо омода ҳастем."

Оғои Назаров гуфт, ин масъала дар ҷараёни сафари Александр Манилов - муовини фармондеҳи нируҳои марзбони Русия ба Тоҷикистон - низ дар як рузи пеш баррасӣ шуда ва мақомоти фармондеҳии нируҳои марзбони Русия низ ба иҷрои ин созишнома мухолиф нестанд.

Дар поёни баёнияи матбуотии Кумитаи марзбонии Тоҷикистон ба гунаи ҳушдор ишора шудааст, ки идомаи ин гуна иқдомот аз ҷониби бархе гуруҳҳо ва нашри маводи бардуруғ ва бепоя ба нафъи ояндаи ҳамкориҳои марзбонии ду кишвар ва дар маҷмуъ ба манфиати муносиботи байналмилалӣ анҷом нахоҳад шуд. Генерал Назаров дар шигифт аст, ки чӣ гуна касе, ки мегуяд, омодааст, марзи худро ҳимоят кунад, мавриди туҳмат ва бадгуӣ қарор мегирад.

XS
SM
MD
LG