Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чоряк тонна маводи мухаддирро сухтанд



Абдуқайюми Қайюмзод



Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рузи сешанбе, 20 январ дар як амалиёти оташсузӣ, ки дар соли ҷорӣ барои бори аввал сурат гирифт, беш аз 250 кило маводи мухаддирро нобуд кард.

Файзулло Гадоев - сардори раёсати мубориза алайҳи маводи мухаддири вазорати умури дохилаи Тоҷикистон - дар фарҷоми ин амалиёт, ки дар ҳузури намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ ва васоити ахбор баргузор гардид, гуфт, дар муддати камтар аз бист рузи соли равон аз ҷониби кормандони ин ниҳод бештар аз 120 кило маводи мухаддир ошкор ва мусодира шудааст.

Вай афзуд: "Мо дар заводи Тоҷиктекстилмаш, нисбат ба 72 парвандае, ки ҳукми суд дар бораи онҳо содир шудааст, 265 килограмму 623 грамм маводи мухаддирро нобуд кардем, бо тариқи сузонидан, ки беш аз 200 килограмми онро маводи мухаддири сахттаъсири ҳероин ташкил медиҳад."

Дар ҳамин ҳол оқои Гадоев набуди ҳамоҳангиро миёни ниҳодҳои марбутаи кишвар дар мубориза алайҳи кашфу мусодира ва қочоқи маводи мухаддир як мушкилот дар ин самт арзёбӣ кард.

Раҷабалӣ Тағоев, як мақоми масъул дар додситонии кулли Тоҷикистон, ки фаъолияти ниҳодҳои зиддахли кишварро дар мубориза алайҳи маводи мухаддир назорат мебарад, мегуяд, новобаста аз муборизаҳои ин ниҳодҳо дар соли 2003 қочоқи маводи мухаддир ру ба афзоиш овардааст: "Агар дар соли 2002 1436 ҳодисаи қочоқи маводи мухаддир ошкор шуда бошад, пас дар соли 2003-ум 1154 ҳодиса ба қайд гирифта шуд. Агар дар соли сипаригашта мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳамбастагӣ бо неруҳои марзбони рус беш аз 9 тоннаву 603 кило маводи мухаддирро мусодира карда бошанд, пас дар соли 2002 шаш тоннаву 724 кило чунин мавод мусодира шудааст."

Оқои Тағоев гуфт, ки додситонии кулли кишвар дар соли гузашта тафтиши 738 парвандаи ҷиноӣ нисбати 1048 шаҳрванд ва аз ҷумла 154 занро, ки бо иттиҳоми қочоқ ва нигаҳдории маводи мухаддир боздошт шудаанд, ба анҷом расонида барои баррасӣ ба Додгоҳи Олӣ фиристод.

Оқои Тағоев ҳамчунин афзуд, ки дар додситонии кулли кишвар нисбати 28 нафар шаҳрванди хориҷӣ ба шумули шаҳрвандони Русия, Узбакистон, Туркманистон ва Афғонистон, ки ба қочоқи маводи мухаддир даст доштаанд, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ва аммо Файзулло Гадоев - сардори раёсати мубориза алайҳи маводи мухаддири вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфт - дар соли гузаштаи 2003, раёсати онҳо дар чаҳор амалиёти оташсӯзии маводи мухаддир бештар аз ҳазору ҳаштсад кило маводи нашъаоварро нобуд кардааст.

XS
SM
MD
LG