Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раисиҷумҳур боз тағйироти кадрӣ гузаронд



Мирзонабии Холиқзод



Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон - бо судури чанд фармон дар ҷаласаи ҳукуматӣ 19 январ гуруҳе аз мансабдорони мақомоти аршади кишварро аз вазифаҳояшон барканор кард. Муовини нахуствазири кишвар оид ба масъалаи фарҳангу илм ва тиб Нигина Шарофова бо сабаби ба вазифаи дигар гузаштан аз муовинати нахуствазир сабукдуш карда шуд ва ба ҷои у Хайриннисо Мавлонова - собиқ муовини раиси вилояти Суғд таъйин гардид.

Нигина Шарофова ба вазифаи муовини вазири беҳдошт оварда шуд. Ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик Убайдулло Раҷабов аз масъулияти раиси Кумитаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ барканор карда шуд ва ба ҷои вай Абдуҷаббор Раҳмонов, собиқ масъули шуъбаи фарҳанги дастгоҳи раёсати ҷумҳур, устоди риштаи адабиёти Донишгоҳи Миллӣ таъйин шуд.

Бар асоси ин тағйирот, вазири ҳифзи муҳити зист Усмонқул Шокиров аз симматаш барканор карда шуда, ба ҷойи вай раиси пешини ноҳияи Ҳисор Абдувоҳид Каримов таъйин шуд.

Ба ин тартиб, вазири энергетика Абдулло Ёров низ курсиашро аз даст дод ва мансаби уро раиси ширкати "Барқи Тоҷик" Ҷурабек Нурмаҳмадов соҳиб шуд. Тибқи фармони дигар "Барқи тоҷик", ки ширкати саҳҳомӣ буд, тобеи вазорати энергетика гардид.

Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон аз ҳайъати вазорати нақлиёти кишвар хориҷ карда шуд, ки минбаъд ба унвони як ширкати мустақил фаъолият хоҳад кард. Бар асоси барномаи сохтори идории давлатӣ Корпоратсияи саноати Озуқа ва "Мадад", Иттиҳодияи "Моҳипарвар", Ассосиатсияи истеҳсоли саноати гушту шир барҳам дода шуда, салоҳияти ин ширкатҳо ба вазорати кишоварзӣ дода шуд.

Ва аммо коршиносон ва ҷомеашиносон мегуянд, тағйирот дар вазифаҳои давлатӣ ва барканоркуниҳои намояндагони аршади мақомоти кишвар аз ҷониби президент Эмомалӣ Раҳмонов дар чанд соли ахир ба як ҳодисаи оддӣ ва маъмулӣ бадал шудааст, ки мардум чандон ба омадани як нафар ба ин ё он вазифа, ё ин ки ба сабукдуш шудани ин ё он нафар аз вазифае таваҷуҳ намекунанд.

Тақрибан аксари мардуми кишвар бо эълони фармонҳои президент дар мавриди тағйирот аз тариқи телевизион як суол медиҳанд, оё афроди ба вазифа омада, аз Данғара аст. Зеро ба назари ҷомеашиносон, бо гузашти чанд сол аз хатми ҷанг низ, то ҳануз дар вазифаҳои калидӣ намояндагони як минтақа дида мешаванд.

Коршиноси тоҷик, ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов бар ин аст, ки дар раванди ислоҳоти кадрӣ раиси ҷумҳур аз намояндагон ва мутахассисони шоистаи ҳизбҳо ва манотиқи дигар низ ҷалб кунад. Дар ҳамин ҳол бар асоси хабари манобеъи ғайримустақим, интизор меравад, дар чанд рузи наздик тағйироти муҳимтар дар мақомоти вазоратхонаҳои қудратӣ сурат бигирад.

XS
SM
MD
LG