Мирзои Салимпур
Сандуқи Ҷаҳонии Пул бо нашри гузориши дуввумаш дар бораи барномаи сесолаи фақрзудоии давлати Тоҷикистон хабар дод, ки боз як қарзи боимтиёзро ба маблағи 14 600 000 доллар дар ихтиёри Душанбе мегузорад.
Сандуқи Ҷаҳонии Пул барои иҷрои барномаи коҳиши фақри ҳукумати Тоҷикистон ба миқдори 97 милён доллар ваъдаи кумак карда, то кунун 38,5 милён доллар аз ин маблағро дар ихтиёри Тоҷикистон қарор додааст.
Сандуқи Ҷаҳонии Пул фаъолияти Душанбе дар роҳи иҷрои ин барномаро дар маҷмуъ мусбат арзёбӣ карда, вале афзудааст, чанде аз камбудиҳои мавҷуда дар кори ҳукумати Тоҷикистонро ин навбат ба таври истисно сарфи назар намуд.