Мирзои Салимпур
Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо судури як фармон 17 маҳбуси афғонро афв кардааст. Ин шаҳрвандони Афғонистон умдатан барои марзшиканӣ маҳкум шуда, дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебурданд. Одатан марзшиканӣ аз суи шаҳрвандони афғон ба хотири қочоқи маводи мухаддир сурат мегирад, вале Алихон Раҳмонов, раҳбари умури зиндонҳои Тоҷикитсон дар вазорати адлияи ин кишвар вуҷуди қочоқбарони маводи мухаддирро дар байни афроди афвшуда радд кардааст.
Хабаргузории ИТАР-ТАСС мегуяд, қарори афви онҳо бо дархости ҷониби Афғонитсон содир шуда, бояд акнун маҳбусони афвшуда дар як гузаргоҳи марзи байни Тоҷикистону Афғонистон ба мақомоти он ҷониб супурда шаванд. Сафири Афғонистон дар Душанбе Довуди Панҷшерӣ аммо гуфт, ҳамаи 17 маҳбуси афвшуда алакай дар ихтиёри онҳо қарор доранд.
Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, дар ҳоли ҳозир дар маҳбасҳои Тоҷикистон беш аз 40 шаҳрванди Афғонистон ва умдатан бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир адои ҳукм мекунанд.