Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ШАШ АФҒОНРО ДАР ТОҶИКИСТОН ЗИНДОНӢ КАРДАНД



Ҷалолиддини Фарҳодӣ



Додгоҳи вилояти Хатлон дар минтақаи Кулоб тули 12 моҳи ахир беш аз 40 наркокурерро ба муҳлати аз 10 то 18 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ин додгоҳ ҳамчунин тули соли гузашта 40 парвандаи ҷиноии махсусан вазнинро дар муқобили 50 нафар мавриди баррасӣ қарор додааст.

Ба иттилоъи Аслам Холов - раиси додгоҳи Хатлон дар минтақаи Кулоб, ҳудудан беш аз 80 дарсади ҷиноёти вазинин ба қочоқ ва фуруши маводи мухаддира бастагӣ доранд: "Аксарияти парвандаҳои ҷиноӣ, мутаассифона, ҳоло ҳам бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор марбутанд. Масалан, аз ҳамин 40 парвандаи ҷиноӣ дар баробари 50 нафар, ки ман номбар кардам, ба ғайр аз он ки 4 нафар ба куштор ва як нафар ба таҷовуз ба номус айбдор шудаанд ва 6 кас ба ҷиноятҳои гуногун муттаҳам шудаанд, боқӣ ҳама парвандаҳо парвандаҳои ҷиноие мебошанд, ки ба нашъаҷаллобӣ пайвастагӣ доранд."

Дар ҳамин маврид, додгоҳи Хатлон, 6 тан аз шаҳрвандони Давлати Исломии Афғонистонро бо ҷурми қочоқи силоҳи оташфишон, маводи мухаддир ва марзшиканӣ ба муҳлати аз 13 то 18 сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Аслам Холов мегуяд, шаҳрвандони хориҷӣ, ки тибқи қавонини Тоҷикистон маҳкум шудаанд, аслан сокинони деҳоти наздимарзии Афғонистон будаанд, ки дар марзу буми устони Хатлон боздошт шудаанд: " Дар 6 ҳолат мо парвандаҳои ҷиноиро дар баробари ашхоси хориҷӣ ҳам дида баромадем, ки ҳамаи онҳо шаҳрвандони Давлати Исломии Афғонистони ба мо ҳамсоя мебошанд, ки нисбат ба ҳамаи онҳо ҳукмҳои айбдоркунанда бароварда шудааст. Онҳо дар содир кардани ҷиноятҳои сарҳадшиканӣ, қочоқи силоҳи оташфишон ва маводи мухаддир гунаҳкор карда мешаванд ва ҳамаи онҳо ҷазои одилона ва сазовор гирифтаанд."

Дар ҳамин маврид, даҳҳо тан аз қочоқбарони тоҷику афғонро, ки ҳини марзшиканӣ ҷиноятҳои махсусан вазнин содир накардаанд, додгоҳҳои навоҳии Шуроободу Маскав ва Фархор ба муҳлатҳои мухталиф зиндонӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG