Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатлон - шоҳроҳи қочоқи маводи мухаддир



Ҷалолиддини Фарҳодӣ

Бахши дуввуми силсилагуфтори "Тоҷикистон сангари мубориза бо маводи мухаддир"

Беш аз 95 дарсади маводи мухаддири аз Афғонистон ба Точикистон интиқолшударо дар марзи Хатлон мусодира кардаанд. Тибқи иттилоъи расмии Неруҳои марзбони Русия мустақар дар Тоҷикистон, қочоқбарон бештар аз ноҳияи Шуроободу Панҷи Хатлон ба кишвар ворид шудаанд. Дар ин зимн беш аз 100 марзшикан боздошт ва зиндонӣ шудаанд. Ҳаҷми умумии маводи мухаддири мусодирашуда, тибқи иттилоъи бархе аз сарчашмаҳо, дар нисбат ба соли пор ду баробар афзудааст.

Оҷонсии иттилоъотии Русия - "Новости" мегуяд, тули 9 моҳ дар Тоҷикистон ҳудуди 6 тонна маводи мухаддир, аз ҷумла 4000 кило ҳероин мусодира шудааст. Маркази иттилоъотии Қушунҳои марзбонии Русия дар Душанбе ин рақамро 4 тонна гуфтаанд, ки аз ин байн беш аз 2 тоннааш ҳероин будааст.

Ҷониби Точикистон арқоми дигарро пешниҳод мекунад. Нуралишо Назаров - муовини раиси кумитаи марзбонии кишвар мегуяд, дар хатти сарҳади 600 километраи Хатлон русҳо на бештар аз 2,5 тонна маводи мухаддирро мусодира кардаанд: "Аз қочоқчиён дувуним тонна маводи мухаддир гирифтаанд, русҳо. Марзбонҳои тоҷик 32 кило наркотик гирифтаанд."

Ҷониби Тоҷикистон бар ин ақидааст, ки марзшиканӣ дар ин мавзеъ афзудааст. Моҳи август, дар мавзеъи Саричашмаи Шурообод бар асари як ҳамла гуруҳи марзишкани афғон 1 афсари пулиси тоҷикро кушта, ду нафарро захмӣ карда, нафари дигарро бо худ ба гарав бурд. Ин дар ҳолест, ки чанде қабл аз ин ҳодиса, рузи 11 августи соли 2003 чархболҳои рус деҳаи Чилгаи Саричашмаро мавриди мушакпартоӣ қарор доданд. Дар натиҷа беш аз 1000 гектар замини куҳманзар сухта, се нафар аз сокинони мавзеъ, аз ҷумла Навруз Раҷабмадови 11 сола ба ҳалокат расид.

Ҷониби Русия то имруз ҳатто ному насаби садршинони чархболҳоро, ки сабаби марги атфол шудаанд, расман эълом надоштааст. Тазоди моҷаро ин аст, ки дар мавриде афсарони рус деҳоти Хатлонро мушакборон мекунанд, қочоқбарони афғон, танҳо дар ноҳияи Шурообод даҳҳо деҳоти куҳманзарро ғасб кардаанд. Бобои Сафар, як сокини деҳаи Метани Дашти Ҷам мегуяд, мардум аз "Метан" якуним сол қабл фирор кардаанд ва дигар ба он ҷо баргаштан намехоҳанд.

Аз ҷониби дигар қочоқбарон дар мавзеъи наздимарзӣ пинҳонгоҳҳои муҳимоти ҷангиву маводи мухаддир доранд, ки дар мавридҳо аз онҳо истифода мебаранд. Дар марзҳои Хатлон ҳудуди 60 пинҳогоҳ кашф шудааст.

Додситонии Хатлон мегуяд, ҳамингуна махфигоҳҳоро дар мамнуъгоҳи "Бешаи Палангон" ёфтаанд. Варқа Зайниддинов, сухангуи додситонӣ меафзояд: "Дар "Бешаи Палангон" ҳудуди 5 кило ҳероин ёфта шуд. Таи як амалиёти дигар як пинҳонгоҳ кашф шуда, дар он як мусалсали тамғаи ПК, 1 снайпер ва 1,3 кило ҳероин ёфт шуд."

Ва аммо амалиёти маъмулии "Кукнор" 2003 нишон дод, ки то ҳануз дар минтақа парвариши маводи мухаддири ба истилоҳ "ватанӣ" идома дорад. Дар маҷмуъ дар Тоҷикистон беш аз 900 нафар бо иттиҳоми даст доштан дар парвариш ва қочоқи маводи нашъадор зиндонӣ шудаанд.

Сарвари бахши кулобии оҷонсии назорат бар маводи мухаддири кишвар полковник Муродов мегуяд, оҷонсӣ ҳамакнун барои дастгир кардани наркобаронҳо аз чанд тадбири дигар кор гирифтааст. Зеро ҳабси наркокурерҳои оддӣ роҳи ҳалли қазия набудаанд. Дар ҳамин маврид, бародарон Сулаймон ва Давлат Чоловҳо зиндонӣ шудаанд, ки дар минтақа сару садоҳо ҳастанд, ки ин ду тан миқдори зиёди маводи мухаддир қочоқ мекарданд.

Оҷонсии маҳаллӣ дар мавриде бо наркобаронҳо ба мубориза бархостааст, ки кадом як шахси ба тафтишот номаълум, зери девори бинои оҷонсӣ чанд ниҳол банги ҳиндӣ парвариш кардааст. Бархе мегуянд, ба нишони тамасхур. Як тан аз шоҳидони ҳодиса моҷароро ингуна шарҳ дод: "Бачам, ростша бугум, намедонам. Ман фикр кардам, гул аст. Онро оварда дар таки бинои агентства шинонидаанд, доимо ҳамин ҷо буд, қаддаш якуним метр шуд, баъд омада сураташро гирифтанду буррида бурданд."

Аз ҷониби дигар сафи муътодони маводи мухаддир дар Хатлон меафзояд. Омори расмӣ шумораи ҳамаи нашъмандонро 5.700 кас медонад. Ин дар ҳолест, ки коршиносон гуфтаанд, дар Тоҷикистон ҳадди ақалл 55.000 нашъаманд ба сар мебарад.

Сардухтури маркази амрози руҳиву наркологии минтақаи Кулоб мегуяд, ки 40 дарсади ҷавонон дар навоҳии наздимарзӣ ба дарди нашъамандӣ гирифторанд: "Дар байни ҷавонон 40 дарсад ва ё шояд бештар ба нашъамандӣ гирифторанд."

Ва аммо ба назар мерасад, ки дар кишвар на танҳо теъдоди дақиқи нашъмандонро пинҳон мекунанд, балки роҷеъ ба маводи мухаддири мусодирашуда як иттилоъи дақиқ мавҷуд нест. Аз ҷониби дигар он маводи нашъадоре, ки русҳо мусодира ва нест мекунанд, низ шубҳабарангез аст. Додситонии Хатлон мегуяд, муфаттишони онҳо ба мавзеъе, ки ин мавод маҳв мегардад, роҳ дода намешаванд. Ин дар ҳолест, ки тибқи қавонини мавҷуда, маводи мусодирашдаи ҳероину бангро на марзбонони рус, балки маҳз додситонии Хатлон, пас аз тафтишот бояд нест намояд. Ва аммо вазъ чунин аст, ки русҳо маводро гирифта, қочоқбарону марзшиканҳоро бо дасти тиҳӣ ва бе далели шайъӣ ба додситонӣ медиҳанд. Додситонӣ маҷбур аст, ки ҳамон 100 қочоқбари афғонро, ки русҳо перомуни маводи мухаддири аз онҳо мусодира шуда, ҳарф мезананд, танҳо бо иттиҳоми марзшиканӣ ба додгоҳ кашад.

XS
SM
MD
LG