Раҳматкарими ДавлатЧашми кишварҳои минтақа ба Луя Ҷирга духта шудааст, ки Конститутсияи Афғонистонро баррасӣ мекунад.
Тоҷикҳо муътақиданд, ки ҳамагуна инкишофи воқеаҳо дар Афғонистон таъсири мустақим ва чашмгире дар ҷомеаи кишварҳои ҳамсоя хоҳад дошт, хусусан дар Тоҷикистон ба лиҳозӣ ҳамзабонӣ ва таъриху фарҳанги муштараки ду миллат.
Баргузории маҷлиси бузурги афғонҳо ба манзури тасвиби Қонуни Асосии ин кишвар дар миёни ҳалқаҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон хушбинӣ ва ҳамзамон нигарониҳоеро ба бор овардааст. Табъан тоҷикон дар истиқрори субот ва ҳокимияти қонун дар Афғонистон бештар аз ҳар кишвари дигари ҳамсоя алоқамандӣ нишон медиҳанд. Ин манфиатдорӣ ҳамчунин мавриди пуштибонии ҳукумати Тоҷикистон низ мебошад. Зеро Афғонистони босубот қабл аз ҳама ба маънои даст ёфтани Тоҷикистон ба роҳҳои алтернативии иртибот ба ҷаҳонӣ берун аз тариқи ин кишвар аст.
Аммо мояи нигаронӣ чист? Масъалаи умдаи мавриди баҳс дар маҷлиси бузурги афғонҳо сохтори сиёсии кишвар ва тарзи идораи ояндаи Афғонистон аст ва ба назари бархе аз коршиносони тоҷик агар Луи Ҷирга дар Қонуни Асосӣ пасванди исломиро ба номи Афғонистон таъйид кунад ва Афғонистон Ҷумҳурии Исломӣ эълон шавад, ин ҳол дигарбора ҳассосияти гуруҳҳои мазҳабӣ сиёсиро дар кишварҳои моварои Ому бар хоҳад ангехт.
Ғаюр Қаҳҳоров раиси Анҷумани ҷомеашиносони Тоҷикистон мегуяд: "Ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири амиқ мерасонад, бахусус ба неруҳое, ки мехоҳанд давлати исломӣ барқарор кунанд, ба хусус дар Тоҷикистон. Барои ҳамин исломӣ шудани Афғонистон барои ояндаи мо фоли хубе нест."
Афғоншиноси дигари тоҷик доктор Исмоил Раҳматов мегуяд, аз номи ислом то кунун дар Афғонистон низ суйистифодаи фаровон шудааст ва пасванди исломӣ на танҳо исломхоҳони сиёсиро дар кишварҳои ҳамсоя ва хусусан Тоҷикистон нируи равонӣ хоҳад бахшид, балки ба суди Афғонистон низ анҷом нахоҳад шуд. У муътақид аст, ки баҳсҳои сари ин мавзуъ хеле пурҳаяҷон ва тезутунд хоҳад шуд.
Оқои Раҳматов мегуяд, пасванди исломӣ ба шиддати муносиботи иҷтимоӣ дар ояндаи Афғонистон низ хоҳад афзуд: "Ҳатмӣ нест, ки номи Ҷумҳурии Исломӣ дода шавад, чунки аз таърихи давлати Афғонистон мо медонем, ки Аморати Исломии Афғонистон, ки толибҳо дошт ва ҳамчунин Давлати Исломии Афғонистон, ки муҷоҳиддин баъди суқути Наҷибулло доштанд, онҳо барои пешравии иқтисодии Афғонистон ва умуман сулҳу субот коре накарданд. Боз ҳам аз номи ислом истифода намуда тавваҷуҳи мардумро ба он ҷалб кардан муҳим нест. Ба андешаи ман агар он кишвар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон ва ё Ҷумҳурии Афғонистон ном гирад, ин барои беҳбуди вазъи минтақа ҳам мусоидат мекунад."
Вале дар ҳамин ҳол Султони Ҳамад коршиноси мустақили тоҷик, ки дар гузашта аз ҷонибдорони мухолифини исломии давлати Тоҷикистон низ будааст муътақид аст, ки эълони ҷумҳурии исломӣ дар Афғонистон бидуни шак нируҳои мазҳабӣ сиёсиро дар кишварҳои Осиёи Миёна ва хусусан дар Тоҷикистон аз нигоҳи равонӣ тақвият хоҳад кард, вале дар айни ҳол мегуяд у, исломӣ эълон шудани Афғонистон баҳонаи идомаи ҷанг ба номи мазҳаб ва ислом аз ҷониби гуруҳҳои тундрав ва мухолифи давлатро камранг хоҳад кард: "Ҷумҳурии исломӣ эълон шудани кишвари ҳамсояи мо ин як навъ таъсири равониеро болои он рақибон ва душманони режими Карзай дошта метавонад, зеро онҳо дигар наметавонанд муқобили Ҷумҳурии Исломии Афғонистон руирост ҷиҳод эълон кунанд ва ё муборизаи мусаллаҳонаи худро идома бидиҳанд, зеро дигар барои онҳо баҳона намемонад. Ман дар назар дорам гуруҳи Толибон ва он гуруҳҳои террористиеро, ки бо номи ислом дар Афғонистон алайҳи ҳукумати Карзай мубориза мебаранд."
Бархе дигар аз коршиносон аслан низоми ҷумҳуриятро бо ислом дар таззод медонанд. Ба ақидаи онҳо, ҷумҳурият низоми идораи давлат аз тариқи мушорикати мардум аст. Ин модели демократияи юнонӣ ва таърифи писандидаи ҷумҳурият мебошад. Аммо дар сурати изофа шудани пасванде ба он мисли пасванди исломӣ бояд шакли он махлут ва ё дигар шавад.
Вале Ҳикматулло Сайфулозода, сухангуи Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон мегуяд, ин мафҳумҳо бо ҳам ҳеҷ ихтилофе надоранд ва низоми барои Афғонистон муносиб низ танҳо низоми исломист: "Дар Афғонистон 99 чанд фисад ҳама аҳли мусулмон ҳастанд. Барои ҳамин бояд, ки ислом дар ин кишвар мавқеи худро ба таври аланӣ дар Конститутсияи кишвар пайдо мекард ва бидуни ин масъала ман фикр намекунам, ки дар Афғонистон оромӣ мешавад."
У ҳамчунин бар хилофи коршиносони тоҷик заминаи нигарониеро дар ҷиҳати таъсири ин раванд ба Тоҷикистон намебинад. Аммо занони тоҷик агар на ба андозаи мардон, вале ҳамчунон ба ин қазия алоқамандӣ таваҷҷуҳ нишон медиҳанд.
Барфимоҳ Ғанизода роҳбари ташкилоти ғайриҳукуматии "Хайрхоҳи занон" мегуяд: "Ба андешаи ман агар давлат исломӣ бошад, ҳатман ин бад нест, вале ҳоло мафкураи мон то ба он дараҷае нарасидааст, ки мо аз нигоҳи динӣ хуб таҳлил кунем. Вақте давлати исломӣ мегуем, алббата дар ин ҷо ҳуқуқи занҳо поён ва ҳуқуқи мардон баланд аст ва фикр мекунам ба ҷумҳурии мо таъсири бад мерасонад."
Аммо боз ҳам таъйини сарнавишти ин кишвар ва интихоби низоми идора ва сохти он дар Афғонистон ҳаққи мусаллами мардуми ин кишвар ва намояндагони он дар маҷлиси бузурги афғонҳост. Ва Луи Ҷирга бо тасвиби Қонуни Асосии Афғонистон то чанд рузи дигар шояд аз ин гуна нигарониҳои бархе коста ва ба нигарониҳои бархе дигар хоҳад афзуд.