Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти чор ҳизби сиёсӣ аз "Рузи нав"



Раҳматкарими Давлат

Онҳо аз ҳукумат хостаанд, омилони қазияи боздошти нашри ин ҳафтаномаро пайдо ва бар асоси қонун муҷозот кунад.

Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон зимни нашри як баёния аз ҳукумати ин кишвар тақозо кардаанд, ки омилони қазияи боздошти нашри ҳафтаномаи "Рузи нав"-ро пайдо ва бар асоси қонун муҷозот кунад.

Чор ҳизби сиёсии Тоҷикистон ба шумули Ҳизби Демократ, Ҳизби Коммунист, Ҳизби Сотсиал-Демократӣ ва Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон дар баёнияи муштараки худ гуфтаанд, дар роҳи раванди демократӣ дар кишвар сохторҳои мухталиф дар роҳи рушди ҷараёнҳои озодандешӣ монеъаҳои нав ба нав эҷод мекунанд. Ва ба ҳар восита мехоҳанд, талоши афродро дар ҷиҳати густариши озодии баён ва фош кардани бесарусомониҳо дар ҷомеа ва қонуншиканиҳои ҳокимони маҳаллӣ ва болоӣ камранг гардонанд.

Дар баёния омадааст, иқдоми навбатии зуроваронаи ин ашхоси мансабдори ҳукумат бидуни далоили шаръӣ боздошти нашри ҳафтаномаи "Рузи нав" мебошад. Аҳзоби сиёсӣ дар баёнияи худ гуфтаанд, ин иқдоми ҳукуматдоронро чун фишор ба раванди демократия дар Тоҷикистон медоданд.

Аз Раҳматулло Валиев - дабири кулли Ҳизби Демократ ва яке аз муаллифони ин баёния пурсидам, ки боздошти нашри "Рузи нав" то кадом андоза ба назари онҳо таҳдиди ҷиддӣ ба раванди демокросӣ маҳсуб мешавад, ки даст ба нашри як баёния дар пуштибонӣ аз "Рузи нав" задаанд: "Дар садо ва симои давлатӣ барои аҳзоби сиёсӣ ҷой нест ва онҳо дар он ягон имконияти баромад кардан ва ибрози фикри худро надоранд. Онҳо бо ин ҳафтаномаҳо метавонистанд, фикри худро баён кунанд ва худро шиносонанд. Барои ҳамин ҳам аз тарафи мансабдорони ҳукумат боздоштани чопи "Рузи нав"-ро як қонуншиканӣ, як фишоре ба демократикунонии ҷомеа меҳисобем."

Аммо барои севвумин ҳафтаи пайдарпай нашриёти "Шарқи озод", ки танҳо матбааи махсус барои нашри рузнома дар Тоҷикистон мебошад, аз нашри "Рузи нав" худдорӣ кард ва рузи панҷшанбе низ ин нашрия дар қатори соир ҳафтаномаҳо нашр нашуд. Раҷаби Мирзо сардабири "Рузи нав" мегуяд, ҳатто созмонҳои дифоъ аз озодиии баён ва ҳуқуқи башар низ намехоҳанд, ба таври ҷиддӣ дар ҳалли ин қазия мусоидат кунанд: "Он тарзи вокунише, ки мо аз ҷониби созмонҳои байналмиллалӣ интизор доштем, он тарз сурат нагирифт, ҳоло он ки онҳо метавонистанд ба ҳалли ҳамин қазия мусоидат кунанд ва ба ҳукумат пешниҳод кунанд, ки чопи нашрияи моро дар нашриёти ҳукуматии "Шарқи озод" аз нав ба роҳ монад."

Раҷаби Мирзо мегуяд, тасмим гирифтааст, ҳафтаномаро дар як чопхонаи берун аз шаҳри Душанбе нашр кунад, аммо боз ҳам ба далоили зоҳиран техникӣ нашри рузнома то як рузи дигар ба таъхир афтодааст.

Аммо аҳзоби сиёсӣ дар поёни баёнияи муштараки худ гуфтаанд, ҳукумате ки сухани ҳақро шунидан намехоҳад, магар ба аҳдофи конститутсионии худ метавонад бирасад. Ва аз мақомоти давлат тақозо кардаанд, то гунаҳкорони қазияи баамаломадаро шиносоӣ кунад ва ба онҳо тибқи қонун бархурд сурат бигирад.

XS
SM
MD
LG