Тоҳири Сафар
Вазири дифоъи Фаронса Мишел Алиот Марӣ охири ҳафтаи равон ба Афғонистон меравад ва бо Ҳомиди Карзай раисиҷумҳури ин кишвар ва ҳамчунин сарбозони фаронсавии мустақар дар Кобул мулоқот мекунад.
Аллиот Марӣ ҳамчунин барои дидору мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмонов вориди Тоҷикистон мешавад. Фаронса дар ҳайъати неруҳои байналмиллалии кумаки амниятӣ ба Афғонистон 500 сарбоз дорад, ва бархе аз неруҳояшро дар фурудгоҳи Душанбе низ мустақар кардааст.