Раҳматкарими Давлат
Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи рузи чаҳоршанбеи худ Қонуни буҷаи давлатии кишвар барои соли 2004-ро баррасӣ ва қабул кард. Сафаралӣ Наҷмиддинов - вазири молияи Тоҷикистон - зимни муаррифии тарҳи буҷаи соли 2004 ба парлумон, аз ҷумла гуфт: "Даромади буҷет дар соли 2004-ум ба 917 миллион сомонӣ баробар шуда, андозаи он нисбати маҷмуаи маҳсулоти кулли дохилӣ 18 фоизро ташкил хоҳад дод, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 32,5 фоиз ё 225 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Хароҷоти буҷа дар соли оянда 942,8 миллион сомонӣ дар назар дошта шудааст. Касри буҷаи соли оянда 25 миллион сомониро ташкил хоҳад дод."
Вазири молияи Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ҳудуди 43 дарсади буҷаи соли 2004 кишвар ба соҳаи иҷтимоӣ ихтисос дорад. Аз ҷумла барои соҳаи тандурустӣ 62 миллион сомонӣ, барои муассисаҳои фарҳангӣ 27 миллион сомонӣ, барои муассисаҳои илмӣ 5 милион сомонӣ ва барои нафақа ва ҳифзи иҷтимоӣ 185 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Маблағи барои соҳаи амният ва дифоъ таъйиншуда эълон нашуд, аммо ба гуфтаи Сафаралӣ Наҷмиддинов, маблағи барои сохторҳои низомӣ ва интизомӣ ихтисосёфта дар буҷаи имсол назар ба соли гузашта 33 дарсад афзоиш дорад.
Дар буҷаи соли оянда воридоти газу барқ ба кишвар ва содироти пахтаи коркарданашуда, алюминий аз андози арзиши иловашуда озод карда шудаанд. Ҳамчунин андоз барои истифодаи роҳҳои автомобилгард низ дар соли оянда пешбинӣ нашудааст.
Вакилони Маҷлиси Намояндагон дар баррасии тарҳи қонуни буҷа фаъолият нишон надоданд. Танҳо Шодӣ Шабдолов - раиси фраксияи Ҳизби Коммунист дар парлумон чанд пешниҳоде ироа намуд, ки ҳамчунон мадди назар гирифта нашуд.
Бар иловаи ҳамаи ин дар буҷаи соли оянда як миқдор маблағ аз ҷумла 8 миллион сомонӣ барои идомаи сохтмони тунели Анзоб ва камтар аз ин ҳам барои нигаҳдории идораи сохтмони ниругоҳҳои Роғун ва Сангтуда ва ҳудуди як миллион сомонӣ барои сохтмони ниругоҳҳои кучак пешбинӣ шудааст.
Аммо Маҷлиси Намояндагон пешниҳоди масъулини нашрияҳои давриро, ки тавассути вакили парлумон Усмон Назир ироа гардид барои озод намудани нашрияҳо аз андоз пешниҳоди ҷолиб номида, вале лағви андозҳо аз матбуотро ҳамчунон бекор накард ва ин масъаларо барои соли дигар ба таъвиқ гузошт. Ба ҳамин тартиб Маҷлиси Намояндагон бо иттифоқи орои 57 вакил, бидуни ҳатто як раъйи мухолиф, Қонуни буҷаи соли 2004 Тоҷикистонро ба тасвиб расонд.