Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Рузи нав" аз нав нашр мешавад, агар



Нурмуҳаммади Холзода



Муассисони рузномаи "Рузи нав" тасмим гирифтаанд, нашрияаашонро аз нав интишор намоянд. Ба гуфтаи масъулини ин рузнома, ки нашриёти давлатии "Шарқи озод" аз чопи ду шумораи он худдорӣ кард, нашри дубораи рузнома тасмими худи кормандони он аст.

Масъулони "Рузи нав" мегуянд, ҳарчанд то кунун миёни онҳо ва нашриёти "Шарқи озод" дар масъалаи чопи рузнома тавофуқ ҳосил нашудааст, аммо мумкин аст ин ҳафта шумораи навбатии "Рузи нав" ба дасти хонандагонаш расад.

Фахриддини Холбек- муовини сардабири нашрия дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ҳайъати эҷодӣ ба хулосае омад, ки ҳамин ҳафта рузномаро чоп кунад, аммо маълум нест ки мо дар куҷо онро нашр хоҳем кард. Мо сари ин масъала фикр дорем ва умедворем нашрия ин ҳафта чоп шавад."

Аммо Манзурхон Додохонов - раиси нашриёти "Шарқи озод" ба Радиои Озодӣ гуфт, то аввали соли оянда, яъне то 20 рузи дигар муассисааш "Рузи нав"-ро чоп намекунад, ҳарчанд аз ҷузъиёти ин қарорашро шарҳ надод.

Масъулини нашрияи "Рузи нав" аз намояндагиҳои созмонҳои байналмилаллӣ дар Душанбе барои аз сар гирифтани чопи рузнома кумак хостаанд. Зебо Наҷмиддинова - сухангуи Маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар шаҳри Душанбе гуфт, онҳо ин масъаларо баррасӣ мекунанд ва дар сурати зарурат созмони онҳо барои ҳалли ин масъала кумак хоҳад кард.

Ҷузъиёти бештар дар гузаи Гузоришҳо (аудио)

XS
SM
MD
LG