Мирзои Салимпур
Вазири хориҷаи Чехия Сирил Свобода дар нимаи дуввуми моҳи декабр ба ду кишвари Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар хоҳад кард. Оқои Свободаро дар ин сафарҳояш ҷамъе аз тоҷирони чех ҳамроҳӣ мекунанд.
Сафари Сирил Свобода ба Тоҷикистон нахустин сафари вазири хориҷаи Чехия ба он кишвар дар тули таърихи равобити байни Прагаву Душанбе маҳсуб мешавад.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов соли 2000 аз Чехия дидан карда буд. Чанде пеш як ҳайъати парлумонии Чехия низ сафареро ба Тоҷикистон анҷом дод.
Ба навиштаи хабаргузории чехии Си Ти Си, Ҷумҳурии Чех ба Тоҷикистон умдатан маҳсулоти ғизоӣ, обиҷав(пиво) ва мошин содир намуда, аз он кишвар пахта, мармар, маҳсулоти кимиёӣ ва ашёи хом ворид мекунад.
Сафари Сирил Свобода ба Тоҷикистону Қирғизистон аз 16 то 20 декабр идома хоҳад кард.