Искандари Хоҷа Мирзода
Дар бозии охирини интихобӣ барои ширкат дар Ҷоми Осиё футболбозони Тоҷикистон дастаи мунтахаби Ҳонгконгро бо ҳисоби як бар ҳеҷ мағлуб карданд. Голро дар дақиқаи 58 -ум Анвар Норқулов задааст.
Вале тими миллии футболи Узбакистон бозии охиринро бо ҳисоби чор бар як ба мунтахаби Таиланд туҳфа кард. Ҳамин тариқ аз гуруҳи А Тоҷикистону Ҳонг конг барканор ва Узбакистону Таиланд ба Ҷоми Осиё, ки соли оянда дар Чин баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд.