Соҷидаи МирзоХулосаи гузориши Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд дар бораи Тоҷикистон
Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд менависад, сарфи назар аз сиёсати тиҷорати озод, Тоҷикистон аз ҷиҳати геополитикӣ ҳамчунон дар инзиво боқӣ мондааст ва аз ҷиҳати ҳамойиш ба бозори ҷаҳонӣ пешрафти чашмгир надорад.
Ба гуфтаи ин ниҳоди байналмилаллии молӣ, Меморандуми низоми тиҷорати хориҷӣ қадами муҳиме буд, ки Тоҷикистон дар самти ҳамоиш ба бозори ҷаҳонӣ пиёда кард ва ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат пешниҳод намуд.
Бонк мегуяд, сатҳи миёнаи тариф дар Тоҷикистон нисбатан поён буда, 8,3 дар садро ташкил медиҳад. Аммо ҳукумати Тоҷикистон барнома дорад, ки сатҳи тарифҳоро ба меъёрҳои Ҷомеъаи Иқтисодии Авроосиё баробар кунад.
Аммо гуфта мешавад, марзбандиҳои бамаротиби Узбакистон дар роҳи содироти маводи истеҳсоли Тоҷикистон ва интиқоли он аз тариқи Узбакистон ба хориҷ талошҳои ҳукуматро маҳдуд сохтаанд. Муҳоҷирони тоҷик дар убури қаламрави Қазоқистон мушкилот доранд ва танишҳои қавмӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон низ ба назар расиданд. Аз ин ру мегуяд Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд, ояндаи пешрафти иқтисодии Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба ҳамкории ҳамсояҳояш бастагӣ дорад.
Бонки аврупоӣ раванди хусусигардонии амволи давлатӣ бо шумули корхонаҳои хурду бузургро кунд ва сиёсати пуливу молии кишварро заъиф арзёбӣ карда, гуфтааст, ки ислоҳот дар хоҷагиҳои кишварзии давлатӣ ба сустӣ ҷараён дорад.
Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд дар бахши тавсияҳо чанд нуктаи муҳимро таъкид кардааст. Аввалан Тоҷикистон бояд барои пешрафти соҳибкорӣ шароити мусоид фароҳам оварад. Бо ислоҳоту хусусигардонӣ пеш равад ва ё муассисаҳои бузурги давлатиро, мунҳал созад. Ҳамчунин гуфта шудааст, ки дар самти хизматрасонӣ ба корхонаҳои хусусӣ ба вижа ширкатҳои хурду миёна сохтори молии Тоҷикистон ба тақвият ниёз дорад.
Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд гуфтааст, идораи дурусти молӣ дар бахши боқимондаи сектори давлатӣ, ба вижа шафофияти он, касри буҷаро коҳиш медиҳад ва шароити беҳтареро барои сармоягузории иқтисоди Тоҷикистон фароҳам месозад.