Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваҷпайӣ ба Тоҷикистон омад



Хиромони Бақозода



Тибқи барнома, нахуствазири Ҳиндустон Атол Биҳарӣ Ваҷпайӣ боздиди якрузааш аз Душанберо рузи ҷумъаи 14-уми ноябр аз маросими гулгузорӣ дар пояи пайкараи Исмоили Сомонӣ шуруъ кард.

Дар пай, нахустин мулоқоти баландпояи Тоҷикистону Ҳиндустон дар Кохи раёсатҷумҳурӣ сурат мегирад. Бино ба иттилоъи вазорати хориҷаи Тоҷикистон, мулоқоти аввалини раҳбари ҳукумати Ҳиндустон Атол Биҳарӣ Ваҷпайӣ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар ҳайъати маҳдуди дуҷониба ва пасон дидору гуфтугуҳои ҳайъатҳои густрадаи мақомоти тоҷику ҳинд сурат гирифт.

Дар қисмати дуюми рузи ҷумъа, ҳайъати баландпояи Ҳинд дар Кохи раёсатҷумҳурӣ бо хабарнигорони расонаҳои маҳалливу хориҷӣ як нишасти матбуотӣ доир мекунад.

Бино ба иттилоъи расмӣ, қисмати боқимондаи сафари ҳайъати Ҳиндустон дар Душанбе ба барномаҳои фарҳангӣ бахшида хоҳад шуд. Дар намоишгоҳи зери унвони "Маҳсулоти Ҳиндустон", ки бо ибтикори сафорати ин кишвар дар Кохи Ваҳдати Душанбе баргузор мешавад ва қарор аст, дар маросими ифтитоҳи он президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва нахуствазири Ҳинд Атол Биҳарӣ Ваҷпайӣ ширкат кунанд, маҳсули дасти ҳунармандонии мардуми Ҳинд ба намоиш гузошта мешавад.

Ҳамчунон зимни ҳамин сафар интизор меравад, ки дар маркази пойтахти Тоҷикистон, дар хиёбони Бухоро муҷассамаи Маҳатма Гандӣ гузошта шавад. Маҳатма Гандӣ байни солҳои 1919-1947 раҳбарии ҳаракати озодихоҳии мардуми Ҳинд ва конгресси ин кишварро бар уҳда дошт.

Бино ба иттилоъи вазорати хориҷаи Тоҷикистон, пайкараи ин чеҳраи шинохтаро як муҷассамасози ҳинду сохтааст. Баъди маросими ифтитоҳи пайкараи Маҳатма Гандӣ шоми рузи ҷумъа, ҳайъати ҳукумати Ҳиндустон бо раҳбарии Атол Биҳарӣ Ваҷпайӣ бо қасди Сурия Тоҷикистонро тарк мекунад.

Дар ҳоле, ки Душанбе ба сафари ҳайъати баландпояи давлати Ҳинд омодагӣ мегирад, бархе хабаргузориҳои байналмилалӣ дар остонаи боздиди оқои Ваҷпайӣ аз Тоҷикистон навиштанд, Ҳиндустон мехоҳад дар яккилометрии шимолу шарқи Душанбе, пойгоҳи низомии худро таъсис диҳад. Хабаргузориҳои Ассошиейтед Пресс ва Ди Пи Эй рузи панҷшанбе аз қавли вазорати дифоъи Ҳиндустон навиштанд, давлати Ҳинд мехоҳад бо тахсиси 500 милён рупия, муодили 10 милён доллар пойгоҳи ҳавоии Айниро тармим намуда, онро ба пойгоҳи низомии худ табдил диҳад.

Ва аммо дар мусоҳиба ба Радиои Озодӣ сухангуи вазорати дифоъи Тоҷикистон гуфт, ин хабар ҳеҷ асоси воқеъӣ надорад. Заробиддин Сироҷев, раҳбари маркази матбуоти вазорати дифоъ гуфт: "Ба гуфтаи баъзе хабарнигорон, ки гуё Ҳиндустон дар хоки Тоҷикистон пойгоҳи низомӣ таъсис доданӣ аст, ё ин ки гуё дар тармими пойгоҳи низомӣ ширкат дорад, ин гапҳо асоси воқеъӣ надоранд. Ҳиндустон ҳеҷ гоҳ дар Тоҷикистон пойгоҳи низомӣ надошт, надорад ва бунёд карданӣ ҳам нест."

Ва аммо бо таъкид ба густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳои Тоҷикистону Ҳинд дар чаҳорчуби маъракаи муборизаи зиддитеррор, оқои Сироҷев афзуд, ин ҳамкориҳо аз кумакҳои иттилоотӣ, техникӣ иборат буда, ҳамчунин феълан 25 донишҷуи низомии тоҷик дар кишвари Ҳинд таҳсили илм мегиранд.

XS
SM
MD
LG