Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Ҳёрст Кёллер дар Душанбе хотима ёфт



Ҳумоюни Шаҳриёр



Раиси Сандуқи Байналмиллалии Пул Ҳёрст Кёллер барои анҷоми як сафари корӣ 11 ноябр ба Тоҷикистон омад ва бо президенти ин кишвар Эмомалӣ Раҳмонов мулоқот анҷом дод. Тибқи иттилоъи дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон дар ин мулоқот аслан Барномаи коҳиши фақр мавриди баррасӣ қарор гирифта, зарурати мусоидати ҳамаҷонибаи Сандуқи Байналмиллалии Пул дар роҳи кам кардани сатҳи камбизоатӣ таъкид шудааст.

Оқои Кёллер дар як нишасти матбуотӣ вазъи иқтисодии Тоҷиистонро шарҳ дода, аз ҷумла болоравӣ дар иқтисодро нишонаи аслии коҳиши фақр дар ин кишвар ҳисобид. Ба назари у, ислоҳоти сохтории ҳукумати Тоҷикистон аз муҳимтарин авомили ислоҳоти иқтисодии ин кишвар мебошад. Оқои Кёллер бо ишора ба ҳукумати Тоҷикистон таъкид намуд, ки набояд мақомоти масъули ҳукумат дар роҳи фаъолияти озодонаи ниҳодҳои хусусӣ ва соҳибкорӣ маҳдудият эҷод кунанд.

Вай гуфт, мавонеъ дар роҳи фаъолияти соҳибкорӣ садди рушди иқисодӣ кишвар ва кунд гаштани татбиқи барномаи ҳукумат дар масъалаи коҳиши фақр хоҳад шуд. Барои ин бояд бюрократия аз байн бурда шуда, мубориза алайҳи ришват ва фасод таҳким ёбад, зеро мавҷудияти бюрократия ва дахолати ҳукумат танҳо ба мардуми қишри камбизоат зиён мерасонад. Ҳёрт Кёллер аз ҳукумати Тоҷикистон даъват намуд, ки раванди ислоҳотро ба вижа дар низоми банкӣ, энергетика ва кишоварзиро тақвият диҳад.

Раиси Сандуқи Байналмиллалии Пул ҳамчунин афзуд, ки ин созмон ҳукумати Тоҷикистонро ба муносибати дастовардҳо дар чаҳорчуби барномаи сесолаи коҳиши фақр, ки соли 2002 тасдиқ шудааст пуштибонӣ мекунад. Барои татбиқи ин барнома Сандуқи Байналмиллалии Пул 90 миллион доллар тахсис дод, ки 22 миллиони он аллакай дар ихтиёри Тоҷикистон қарор дода шудааст.

XS
SM
MD
LG