Мирзонабии Холиқзод
Муовини раиси ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, 11 ноябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ ба унвони иҷрокунандаи вазифаи раиси ин ҳизб гуфт, Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон танҳо ба хотири баргузории интихоботи шафофи парлумон, ки дар соли 2005 баргузор хоҳад шуд, вориди эътилофи нави аҳзоби сиёсии Тоҷикистон хоҳад шуд.
Вай мегуяд: "Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон омода аст, ки ҳамчун як муассиси чунин коалитсия баромад кунад, чунки ин ба манфиати як ҳизби алоҳида набуда, балки ба манфиати тамоми кишвар ва умуман раванди демократиконии ҷомеа аст."
Ахиран, лидерони ду ҳизби сиёсии расмии Тоҷикистон Ҳизби Сотсиал-Демократ ва Ҳизби Демократ дар як мулоқоти як ба як масъалаи таъсиси як эътилофи сиёсиро баррасӣ намуданд.
Муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ мегуяд, ҳизбҳои мухолиф бар ин астанд, ки бидуни як эътилофи қавӣ наметавон дар интихоботҳои оянда муввафақ шуд.
Намояндаи Ҳизби Демократи Тоҷикистон Раҳматулло Валиев гуфт, дар назар аст, рузҳои наздик намоядагони ин ду ҳизб бо шумули Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон ҷамъ омада, вазифаҳо ва барномаи стротегии эътилофро баррасӣ кунанд.
Намояндагони ҳам Ҳизби Сотсиал-Демократ ва ҳам Ҳизби Демократи Тоҷикистон аз омодагии Ҳизби Наҳзат ба пайвастан ба ин эътилоф истиқбол мекунанд ва мегуянд, Ҳизби Наҳзат аз аҳзоби бонуфузи кишвар ба шумор меояд ва ҳамроҳии он ба манфиати сиёсии эътилоф хоҳад буд.