Маъсум Имомов
Корхонаҳои маъдани Адрасмон ва "Южнополитметал"-и шаҳри Чимкенти Қазоқистон ахиран як роҳи корхонаи муштарак таъсис доданд. Ҳомид Ҷалолов - сарвари шуъбаи саноати ҳукумати вилояти Суғд - гуфт, ин корхонаи нави муштарак ба коркарди маъданҳои куҳӣ ва истеҳсоли фулузоти ранга, аз қабили нуқраву қурғошим, мис ва қалъагӣ ихтисос хоҳад дошт.
Ба гуфтаи вай, истеҳсол ва коркарди аввалияи маъдани куҳӣ дар корхонаи Адрасмон, воқеъ дар 70 километрии Хуҷанд, вале коркарди ниҳоии он дар ноҳияи Чимкент анҷом хоҳад гирифт. У афзуд, тайи семоҳаи ахир ин дуввумин корхонаи муштарак, ки бо қарори ҳукумати Тоҷикистон дар минтақаи шимоли кишвар таъсис меёбад. Яке бо ширкати ҳиндии "Глобал Инфрастракча Холдинг Лимитед" дар заминаи корхонаи Олтинтопкан ва дигаре бо Қазоқистон дар заминаи корхонаи Адрасмон. Ин ду корхонаи нави муштарак омодаи фаъолият мебошанд.
Тафсилоти бештар дар гушаи Гузоришҳо (аудио)