Мирзонабии Холиқзод
Ҳизби Демократ ва Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон ду ҳизби расмии кишвар аз таъсиси як блок ё эътилофи нави сиёсӣ барои ширкат дар интихоботҳои ояндаи парлумонӣ ва раёсати ҷумҳурӣ эълом доштанд.
Раҳматулло Валиев - дабири кулли Ҳизби Демократи Тоҷикистон 6 ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар як мулоқоти як ба як байни раиси Ҳизби Демократӣ Маҳмадрузӣ Искандаров ва раиси Ҳизби Сотсиал-Демократ Раҳматулло Зоиров чунин мувофиқа ҳосил шуд, ки як блоки сиёсӣ созмон дода шавад.
Оқои Валиев афзуд, шароити сиёсии феълии кишвар нишон медиҳад, ки аҳзоби мухолифи ҳукумат наметавонанд, дар танҳоӣ ва ба таври ҷудогона дар интихоботи оянда пирузӣ ба даст оваранд. Ва таъсиси як блоки воҳиди сиёсӣ ба манзури касби раъйи мардум дар интихоботи Маҷлиси Намояндагон, дар марҳилаи аввал бар асоси риоят ва иҷрои усулҳои қаблан ҳамоҳангшуда миёни ин ду ҳизб сурат хоҳад гирифт.
Дар мавриди ҳадафи аслии таъсиси ин эътилоф Раҳматулло Валиев гуфт: "Интихоботҳои гузашта нишон доданд, ки дар шароите, ки дар Тоҷикистон ҳаст ва таққалубкориҳое, ки дар интихоботҳои гузашта анҷом шуданд, ҳизбҳо ба таври алоҳида наметавонанд пируз шаванд."
Намояндагони Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон низ ҳадафи сиёсии эътилофро муҳим мешуморанд ва ба ояндаи он бо назари нек менигаранд. Намояндагони ин аҳзоб мегуянд, эътилоф бо ду ҳизб маҳдуд набуда, дари он бозаст ва ҳизбҳои дигар низ метавонанд, ба он пайванданд.