Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бекорӣ, бесаводӣ ва нашъамандӣ - домангири ҷавонони минтақа



Хиромони Бақозода

Мусоҳиба бо Дейвид Люис, раҳбари барномаи Осиёи Марказӣ дар Гуруҳи Байналмилалии Буҳроншиносӣ



Гуруҳи Байнулмилалии Буҳроншиносӣ, марказаш дар Бруксел, бо нашри як гузориш мегуяд, мушкилоти домангири ҷавонони Осиёи Марказӣ дар замони кунунӣ бесаводӣ, бекорӣ ва майл ба нашъамандӣ мебошад, ки дар оянда метавонад боиси эҷоди мушкилоти сиёсиву иқтисодии ин давлатҳо гардад. Гузориш мегуяд, дар муқоиса бо замони шуравӣ дар баъзе манотиқи Тоҷикистон ҳузури атфол дар мактаби миёна 50 дар сад пойин рафтааст. Дар суҳбате аз Дейвид Люис, раҳбари барномаҳои Осиёи Марказии Гуруҳи Байнулмилаии Буҳроншиносӣ пурсидам, ки оё гузориши мазкур вазъи ҷавонони Тоҷикистонро чигуна арзёбӣ мекунад?

Дейвид Люис: "Нигаронии мо дар бораи Тоҷикистон бештар аз коҳиши низоми маориф дар ин кишвар аст. Ин давлат дар миёни кишварҳои ҷаҳон бо теъдоди зиёди атфоле фарқ мекунад, ки назар ба волидонашон камсаводтаранд. Ва низоми таълими шуравӣ ҳам дигар, мутаассифона, ба нокоми рубару шудааст. Бояд кори зиёде дар самти таҳкими низоми таълим дар макотиби олӣ ба анҷом расад ва умуман, бояд дар андешаи дастрасии кулли атфоли ин кишвар ба таълим буд. Ҳамчунин, дар шумули мушкилоти умдаи Тоҷикистон бекориву вазъи бади иқтисодиро номбар кардан лозим аст. Ҳамчунин нигароние, ки мо дар ин гузориш изҳор доштем, марбут ба теъдоди зиёди ҷавонони Тоҷикистон дар Русия ва давлатҳои дигар аст, ки дар ҷустуҷуи кор ватанро тарк кардаанд. Аз ин хотир, бо нашри гузориши мазкур мо умедворем, таваҷҷуҳи ҳукумат, созмонҳои байнулмилалии имдодӣ ва сохторҳои ғайриҳукуматиро ба масоили ҷавонон ҷалб кунем, то ин ки онҳо дар самти таҳияи барномаҳои махсус барои насли ҷавон ва таҳияи шароити муносиби ҳаёти ояндаи онҳо кор кунанд."

Ва суоли дигар марбут ба нигаронии Гуруҳи Байнулмилали Буҳроншиносӣ дар бораи майли ҷавонони минтақа ба узвияти гуруҳҳои тундрави исломӣ аст. Ҳамчунин афзоиши теъдоди онҳое, ки ба тағйири мазҳаб қарор мекунанд, далели буҳрони иқтисодии кишварашон аст.

Дейвид Люис: "Як натиҷаи дуршавии ҷавонон аз ширкат дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ майли онҳо ба ғояҳои гуруҳҳои тундрави исломӣ, мисли гуруҳи Ҳизб-ут-Таҳрир ва ё Ҳаракати Исломии Узбакистон аст. Онҳо ҷавононро бо забони ба наврасон ошно ба худ ҷалб мекунанд, ин гуруҳҳо бо посухҳои худ ба саволҳои бешумори ҷавонон аз ҳаёти имруза ҷавобгу ҳастанд, мафҳуми ҳаётро ба тарзи худ шарҳ медиҳанд, ва на ҳамеша ин ақидаҳо қобили қабуланд. Ва аммо ба фикри ман маҳз ҳамин ғояҳо теъдоди бештари ҷавононро ба худ ҷалб мекунанд. Ва дар чунин шароит, хеле муҳим аст, ки руи ҷавононро ба суи ҷамъият гардонем, ба онҳо ҳадафҳои зиндагиро бифаҳмонем, то ин ки аз тундгаройии ҷавонон ҷилавгирӣ ба амал ояд."

Ва ниҳоят, Дейвид, бигуед, чаро гуруҳи байнулмилалии буҳроншиносӣ маҳз ба вазъи ҷавонон дар минтақа таваҷҷуҳ кард, яъне тасмими шумо дар кадом асос гирифта буд?

Дейвид Люис: "Дар тули солҳое, ки таваҷҷуҳи аксарият ба оддӣ кардани вазъи амниятии минтақа ва ҷилавгирӣ аз низоъҳо банд буд, вазъи насли нав ба надешаи мо комилан аз мадди назар дур афтод. Теъдоди барномаҳои вижа барои ҷавонон, ва ғамхорӣ дар ҳақи онҳо хеле маҳдуд аст. Ба фикри ман, дар тули 5 ё 10 соли дигар мо насли комилан наверо хоҳем дид, аммо агар имруз мо кореро барои тағйири вазъ анҷом надиҳем, баъдан ба мушкилоте рубару хоҳем шуд, ки дар ҳалли онҳо ҳукуматҳо душворӣ хоҳанд кашид, ва ин мушкилот ҳамчунин марбут бо эҳёи иқтисод хоҳад буд. Ба фикри мо, барои эътидоли дарозмуддати давлат бояд насли ҷавон дар ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ширкат намоянд ва саҳми худро дар бозсозии кишварҳояшон дошта бошанд."

XS
SM
MD
LG