Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳизб-ут-таҳрир" баландпарвозӣ мекунад



Тоҳири Сафар

Хулосаи гузориши созмони ҳимоят аз ҳуқуқи мазҳабӣ "Форум-18"

Аъзои "Ҳизб-ут-таҳрир", ки фаъолияташ дар Осиёи Марказӣ мамнӯъ аст, ба созмони "Форум-18" гуфтаанд, агар қудратро ба даст гиранд, пайравӣ ба тамоми мазҳабҳои хилофи исломро мамнӯъ мекунанд.

Ин созмони байналмиллалӣ, ки ҳазорон аъзояш дар минтақа, ба хусус дар Узбакистон зиндонӣ ҳастанд, мегӯянд дар амалӣ кардани орзуяшон аз зӯриву хушунат кор намегиранд ва танҳо таблиғотро истифода мекунанд. "Ҳизб-ут-таҳрир", ки дар Урдун қароргоҳи пинҳонӣ дорад, дар саросари кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон мамнуъ эълон шудааст. Тибқи омори расмӣ, дар ин кишвар то кунун беш аз 100 нафар узви он зиндонианд.

Маҳмадрузӣ Искандаров - раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон - дар як сӯҳбаташ ба Радиои Озодӣ гуфт, яке аз заминаҳои ноамниҳои эҳтимолӣ дар Тоҷикистон маҳз ҳамин ҳизб аст ва ҳукуматро мебояд, барои бештар нашудани аъзои он дар кишвар пеш аз ҳама вазъи зиндагии мардумро хуб кунад: "Тундгароии исломӣ дар симое, ки барои мо он қадар рӯшан нест, "Ҳизб-ут-таҳрир" аст ва хеле фаъол ҳам шудаанд, таҳдид мекунад. Гап сари он меравад, ки то вақте ки камбизоатӣ аст, то вақте ки норозигӣ аст миёни ҷомеа, ман фикр мекунам ҷомеа ба ҳар тундгароӣ ва ҳар чизи наве, ки шояд эътирози вайро дастгирӣ кунад, тайёр мешавад ва меравад. Фикр мекунам, онҳо зиёд мешаванду кам не, ба хотири он ки беҳбудии ҷиддӣ дар иқтисодиёту иҷтимоиёти Тоҷикистон ба вуҷуд наомадааст."

Ҳадафи аслии "Ҳизб-ут-таҳрир" ҷамъоварии мусулмонони тамоми ҷаҳон зери як Хилофат аст ва он демократияи ғарбиро барои муслимон ғайриқобили қабул медонад. Ин созмон Амрикову, Британия ва Исроилро "шайтон" номида, нафрат ба яҳудиҳоро яке аз ғояҳои аслии ин ҳизб кардааст. "Форум-18" аз қавли аъзои созмон гуфтааст, тибқи тавсияи ҳазрати Муҳаммад алайҳисалом давлати исломӣ бояд бо ташшабуси худи мардум бунёд шавад. Аммо бо назардошти шароити имрӯза, гуфтаанд аъзои Ҳизби Таҳрир, ин кор монанди ба гуфтаи онҳо ба ном "Демократияи Аврупоӣ" як масхара мешавад. Аз ин ҷиҳат ба қавли аъзои Ҳизб-ут-таҳрир феълан дар таъсиси давлати исломӣ нақши афроди боэътибор ба мисли сиёсатмадорону ва тоҷирон лозим аст.

Пайравони ин созмони ифротӣ ҳамчунин ба "Форум-18" гуфтаанд, хуб мешуд, агар тамоми кишварҳои ғайримусулмон низ ба Хилофати онҳо мепайвастанд. Аммо изҳор доштаанд онҳо, "Ҳизб-ут-таҳрир" ба Амрикову Британия ихтиёр медиҳад, ки ба Хилофат ҳамроҳ шаванд ва агар нахоҳанд бояд ба Халифат молиёт супоранд. Дар ин ҳол Халифат манфиати онҳоро ҳимоя хоҳад кард, вале агар он ду кишвар аз додани молиёт сарпечӣ кунанд, мавриди ҳамлаи низомӣ қарор хоҳанд гирифт.

Дар хилофате, ки "Ҳизб-ут-таҳрир" орзу мекунад, ба ҷамоаҳои яҳудиву насронӣ иҷозаи фаъолият дода мешавад, зеро ба гуфтаи аъзои он, мардуми ин ҷамоаҳоро "Қуръони Шариф" аҳли китоб мехонад. Дигар мазоҳиб аз қабили буддоӣ, ҳиндуӣ, кришна кофир дониста мешаванд ва фаъолияти онҳо манъ хоҳад шуд. Гузашта аз ин раҳбарони Хилофат иҷоза нахоҳанд дод, то равияҳои мавҷуд дар худи ислом аз қабили Аҳмадия, Баҳоизм ва Исмоилия фаъолият кунанд.

Тибқи қонунҳои Хилофат, тамоми шаҳрвандон бояд дар дохил ва хориҷ аз хонаҳояшон тибқи қонунҳои шариат рафтор кунанд. Аз ҷумла занон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бояд фаранҷӣ ва ё ҳиҷоб пушанд. Аммо дар маҷмуъ қавонини шариат барои ҳама як хоҳад буд, вале насрониҳову яҳудиён метавонанд, дар умури дохилӣ аз қабили издивоҷу ҷудошавӣ ва тақсими моликият тибқи қонунҳои хеш кор баранд.

Ҳамин гуна аъзои "Ҳизб-ут-таҳрир" аз Қирғизистон ва Ӯзбакистон ба намояндаи Форуми 18 ақидаҳои худро иброз кардаанд. Дар ин замина ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ин гурӯҳро ифротгаро шумурда, фаъолияти онро дар қаламравҳои худ хатарнок мешуморанд ва аъзои онро барои таблиғи чунин ақидаҳои хушунатомез ба ҳабс мегиранд.

XS
SM
MD
LG