Саидқосими ҚиёмпурНашрияи "Евразиянет" навиштааст, мақомоти Тоҷикистон хабари хуруҷи доманаро пинҳон карда буданд.
Вазорати ҳифзи сиҳати Тоҷикистон ба хотири халал наёфтани Бозиҳои Осиёи Марказӣ хуруҷи бемории доманаро пинҳон кард. Рӯзномаи электронии "Евразиянет" бо такя ба манбаъҳои муътамад менависад, домана дар Душанбе ҳанӯз то шурӯъи бозиҳо паҳн шуда буд. Ҳанӯз аввалҳои моҳи октябр масъулини вазорат таъйид карданд, ки 235 нафар ба ин маризӣ мубтало шудааст. Ҳамзамон 530 нафар бо эҳтимоли гирифтории домана ба бемористон интиқол дода шуданд.
Профессор Ҳамдам Рофиев, мудири кафедраи бемориҳои вогири Донишгоҳи тиббии кишвар низ иқрор кард, ки бемористонҳои сироятии шаҳр пур аз маризони доманаанд. Ва нисфи ин маризон кудаконанд. Хабаргузории "Азия плюс" рӯзи 24 октябр иттилоъ дод, ки бар асари ин беморӣ як нафар ба халокат расид. Кормандони бемористонҳои Душанбе ба Радиёи Озодӣ иқрор намуданд, ки ба дармонгоҳҳои онҳо ҳамарӯза даҳҳо нафар мубталоёни домана интиқол меёфтанд.
Пинҳон кардани хуруҷи маризии домана созмонҳои байналмилалии хайрияи мустақар дар Душанберо сахт нороҳат кард. Тесс Добек, корманди масъули "МММ" созмони хусусии олмонӣ, ки татбиқи барномаи Бонки Ҷаҳонӣ оид ба тоза кардани оби Душанберо бар дӯш дорад, мегӯяд, мо мақомотро чанд бор огаҳ кардем, ки аз махфӣ нигоҳ доштани ин иттилоъ парҳез кунанд, вале касе ба ҳарфи мо гӯш надод.
Таҳлилгарон мегӯянд, домана дар Душанбе миёнаҳои моҳи сентябр паҳн шуд. Ва иллати аслӣ дар он буд, ки оби рудхонаи Варзоб, рудхонае, ки аз он нисфи аҳолии шаҳр истифода мебарад, бидуни коркард бо хлор вориди шабакаи обтақсимкунии шаҳр мегардид.
Ба гуфтаи профессор Рофиев, оби ин рудхона он қадар ифлос аст, ки на барои нӯшидан мувофиқ аст ва на барои шустушӯ кардан, вале мардум илоҷи дигар надорад. Баҳром Маҳмадалиев, раиси кумитаи ҳифзи муҳити зисти Душанбе мегӯяд, пажуҳиш собит кард, ки теъдоди бактерияҳо дар оби ошомидании Душанбе аз меъёри хатарзо хеле бештар аст. Ва ин дар ҳолест, ки дар Душанбе назар ба ҳаҷми миёнаи Аврупои шарқӣ 10 баробар бештар об истеъмол мекунанд.
Таҳлилгарон мегӯянд, ислоҳи вазъ осон нахоҳад буд. Бонки Ҷаҳонӣ ба хотири нав кардани шабакаи тақсими об барномаеро бо маблағи 17 миллион доллар татбиқ мекунад. Аммо роҳбарони Душанбе мутмаинанд, ки барои анҷоми ин кор ҳадди аққал 70 миллион доллар зарур аст.
Бори аввал нест, ки Душанбе бо маризии домана рӯбарӯ мешавад. Соли гузашта аз ин беморӣ ҳадди аққал ду кас аз дунё гузашт. Соли 1997 бошад 8901 нафар ба он мубтало шуданд ва тули шаш моҳи беморӣ ба риштаи умри 95 кас миқроз зад. Бо вуҷуди ин, менависад рӯзномаи электронии "Евразиянет", раванди ҳалли мушкил ба кундӣ ҷараён дорад ва мақомоти кишвар барои ҷилавгирӣ ва табобати ин маризӣ омода нестанд.