Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусофирбарҳои вайрон ва мусофирони саргардон



Зарангези Наврузшоҳ

Мушкили нақлиёт гиребонгири шаҳри якмиллионнафарии Душанбе шудааст.

Сокинони пойтахти Тоҷикистон аз он изҳори ташвиш мекунанд, ки ҳанӯз сармои зимистон пеш наомада равуои нақлиёти мусофирбар дар Душанбе нисбати 2 моҳи қабл коҳиш ёфтааст. Аммо ҳукумати шаҳри Душанбе сабаби инро шарҳ дода, мегӯяд, пойтахт қисме аз нақлиёти мусофирбарро ба ихтиёри меҳмонон вогузоштааст, аз ин ру дар хиёбонхо микроавтобусхо кам ба чашм меоянд.

Масъули дафтари мабуоти шаҳрдорӣ Шавкат Саидов дар робита ба ин масъала мегуяд: "Яке аз сабабҳои камбуди нақлиёт, ки имруз на он қадар назаррас аст ва мардум инро эҳсос мекунанд, ин баргузории бозиҳои 5-уми Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе мебошад. Аз 14 то 2-уми ноябр ин бозиҳо идома меёбанд ва аз тарафи Корхонаи воҳиди Душанбе нақлиёт мусофирбар барои иштирокчиён як миқдор автобус ва микроавтобус ҷудо карда шудааст."

Аммо мардум мегуянд, ки бозиҳои осиёӣ танҳо имруз оғоз ёфт, вале вазъи хизматрасонии нақлиёт дар шаҳр беш аз 1 моҳ ба ҳамин минвол аст. Қариб ҳар субҳ дар хиёбонхо гурӯҳ-гурӯҳ одамон мунтазири нақлиёт соатҳои дароз меистанд, бо ҳаракати микроавтобус ҳам сафи мардуми интизорро кам намекунад.

Субҳ мо бо чанде аз сокинони пойтахт, ки ба ҷои кор мешитофтанд, аммо ночор дар истгоҳ интизорӣ мекашиданд, сӯҳбат намудем: "Ман донишҷӯ ҳастам, ҳозир дар шаҳр барои мо нақлиёт нест, ҳатто баъзе вақт дарсомон баъд аз нимрӯзӣ шурӯъ мешаванд ва ҳамон вақт ҳам ба микроавтобус савор шуда наметавонем".

Мусоҳиби дигар мегуяд: "Мо вақте ки ба кор рафтанӣ мешавем, дар роҳ бо сабаби набудан ва ё пур будани микроавтобусхо сари вақт ба ҷойи кор расида наметавонем ва баъзан 3 соат аз вақти корӣ дер ба ҷои кор рафта мерасем."

Бинобар камбуди микроавтобус ва автобусҳои мусофирбар одамон ҳоло розиянд, ба троллейбусҳои фарсуда ва сустҳаракат ба ҷои лозимаи худ расанд, аммо имрузҳо теъдоди троллейбусҳо низ дар шаҳр хеле каманд. Ба иттилоъи корхонаи воҳиди мусофирбарии "Душанбегорпастранс", аз 103 адад троллейбусҳои мавҷуда ҳамарӯза 50-55 адад троллейбус ҷиҳати хизмати мусофирон ба хатти сайр мебароянд. Аз 14 троллейбус дар хатти сайр хамагӣ 12 адад боқӣ мондааст.

Троллейбусҳо ҳам аллакай кӯҳнаю фарсуда шудаанд, бинобар ин ба ронандагони троллейбус мушкилиҳои зиёд ба пеш меояд. Ронандаи троллейбуси рақами 5 Неъматуло Ашӯров мегуяд: "Қисми эҳтиётӣ гуфтанӣ гап нест, ҳатто як гайка ёфта намешвад, дар депои мо, мо худамон рафта аз бозор харида мебиёрем, ҳама фарсуда шуда, рафта истодааст. Мусофирони мо фақат донишҷӯ ва муйсафедонанд, дигарон ба троллейбус савор намешаванд, барои он ки метарсанд, чунки ҳама ҷои троллейбус меларзад, ҳама ҷояш шикастагиву вайрон аст."

Ба гуфтаи ронандагон, троллейбусҳое, ки дар шаҳр мегарданд, аз соли 1987 ба Тоҷикистон ворид шудаанд ва аз мӯҳлати кафолати техникӣ хеле зиёд кор кардаанд, вале аз сабаби кам будани троллейбус дар шаҳр маҷбуранд, ба хатти сайр бароянд. Инчунин гуфта мешавад, ки соли равон ҳукумати шаҳр ҷиҳати таъмини нақлиёти мусофирбар аз буҷаи шаҳр 2 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ҷудо карда буд, ки он ҳам сарфи сузишворию қисмҳои эҳтиётӣ карда шуд.

XS
SM
MD
LG