Назруллоҳи Латиф
Шоми сешанбе, 14 октябр дар варзишгоҳи марказии пойтахти Тоҷикистон расми тантанавии ифтитоҳи Бозиҳои панҷуми Осиёи Марказӣ доир шуд. Дар ин бозиҳо ҳайъатҳои варзишӣ аз ҳамаи 5 кишвари минтақа: Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Туркманистон ва Тоҷикистон, мизбони ин мусобиқот ширкат мекунанд.
Дар расми ифтитоҳи ин бозиҳо раиси кумитаи тадорукоти он шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев ва раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов суханронӣ карданд. Оқои Раҳмонов аз ҷумла гуфт, чунин чорабинии бузурги варзишӣ, ки бори аввал дар Тоҷикистон баргузор мешавад, бидуни шубҳа барои устувории равобити дустона байни мардумони сокини минтақа мусоидат хоҳад кард.
Созмонҳои байналмилалии олимпӣ президенти Тоҷикистонро дар ин руз барои пуштибониаш аз ҳаракатҳои олимпӣ бо орденҳои Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ ва Шурои Олимпии Осиё сарфароз карданд.
Машъали Бозиҳои панҷуми Осиёи Марказиро дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе муштзани шинохтаи тоҷик Абдусалом Ҳасанов, барандаи медолҳои биринҷии мусобиқоти дувоздаҳуми қаҳрамонии ҷаҳон ва Бозиҳои чордаҳуми Осиё, фурузон намуд.
Расми ифтитоҳи ин мусобиқот таҳти шиори "Варзиш - сулҳу дустӣ" бо ҷалби 12 000 нафар баргузор шуд.
Бозиҳои панҷуми Осиёи Марказӣ бо ширкати 700 варзишгару муррабӣ аз кишварҳои минтақа дар варзишгоҳҳои Душанбеву Турсунзода то 20 октябр идома хоҳад ёфт.