Саидқосими ҚиёмпурЯк коргардони машҳури юнонӣ дар бораи онҳо филм бардоштааст.
Муаррих ва коргардони синамои Юнон Димитрис Манолесакис мутмаин аст, ки мардуми панҷ деҳаи Бадахшони Тоҷикистон авлодони Александр Македонский мебошанд. Дар ин кӯҳистони дурдаст сарлашкари маъруфро Искандари Мақдунӣ ном мебаранд. Филми нави Манолесакис "Авлодони номаълуми Александр дар Помир" аз сарнавишт ва рӯзгори ба истилоҳ "юнониҳои бадахшӣ" ҳикоят мекунад.
Ба иттилоъи нашрияи "Континент" чопи Маскав, маводи филмнома ҳангоми експедитсияи илмӣ ба яке аз гушаҳои дурдасти Бадахшон рӯи навор омад. Димитрас Манолесакис дар ҷустуҷӯи ҳамватанони худ манотиқи баландкӯҳи Қирғизистону Узбакистон ва марзи Чину Афғонистонро низ пажуҳиш кардааст.
Ба шаҳодати манбаъҳои таърихӣ, солҳои 322 30 то солшумории мо дар Бадахшон юнониҳое ба сар мебурданд, ки дар тасарруф шудани ин мавзеъ аз сӯи Искандари Мақдунӣ ширкат доштанд. Сайёҳи маъруф Марко Поло низ дар бораи "юнониҳои бадахшӣ" иттилоъ дода буд.
Коргардони юнонӣ мегӯяд, сокинони ин панҷ деҳаи деҳаи Бадахшон худро искандарӣ мехонанд. Онҳо изҳор намуданд, ҳамагӣ авлодони сарбозони Искандари Мақдуниянд, ки баъди забти Бадахшон ин минтақаро ҷойи зист ихтиёр карданд. Ба гуфтаи Димитрис Манолесакис, мардум ин мавзеъ дар забони худ асосан вожаҳои форсиву узбакӣ ва бадахширо истифода мекунанд. Ва аммо дар забонашон вожаҳои юнонӣ дар шакли андаке тағйирхурда мушоҳида мешаванд, масалан онҳо занро "ғинак" ном мебаранд, ки ба "гинека" и юнонӣ наздик аст.
Ҳарчанд сокинони ин деҳаҳои Бадахшон мусалмонанд, онҳо ба Искандари Мақдунӣ эътиқод доранд ва мутмаинанд, ки рӯҳи лашкаркаши машҳур мӯъҷизаофар мебошад.
Қаблан Димитрис Манолесакис дар Сурия, Либия, Лубнон ва Испания низ деҳаву манзилҳоеро пайдо карда буд, ки авлодони юнониҳо ба сар мебаранд ва ҳатто бархе аз расму ойини худро ҳифз кардаанд. Филми ӯ дар бораи гурӯҳи хурди юнониҳои муқими марзи Афғонистону Покистон шӯҳрати коргардонро дар ватанаш боло бурд.