Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулро чӣ гуна шустушу мекунанд?



Абдуқайюми Қайюмзод

Ин масъала дар як нишасти байналмилалӣ дар пойтахти Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Рузи панҷшанбе як нишасти дурузаи намояндагони мақомоти давлатӣ, коршиносони ватаниву хориҷӣ ва мутахассисон таҳти унвони "Мубориза алайҳи амалиёти шустушуи пул ва ҷилавгирӣ аз маблағгузории гуруҳҳои террористӣ" дар кохи "Ваҳдат"-и Душанбе баргузор шуд. Ин нишаст бо пуштибонии маркази САҲА, раёсати назорат бар маводи мухаддири СММ ва ҳамдастии додситонии кулли Тоҷикистон сурат гирифт.

Ив Берген, сафири САҲА дар Тоҷикистон зимни ифтитоҳи нишаст бо ишора ба афзоиш ва тақвияти гуруҳҳои террористӣ дар ҷаҳон ва таъмини молии онҳо тавассути қочоқбарони маводи мухаддир гуфт, ҷомиаи байналмилалӣ дар ҳоли ҳозир дучори хатароти ҷиддӣ шудааст ва аз ин хотир ташкили чунин нишастҳои омузишӣ дар кишварҳое, ки бевосита мувоҷеҳи ин мушкилотанд, боаҳамият мебошад.

Тимоти Лемей, корманди масъули Барномаи мубориза алайҳи шустушуи пули Раёсати назорат бар маводи мухаддири Созмони Милали Мутаҳҳид, аз иштирокдорони нишасти мазкур, гуфт гуруҳҳои террористӣ ва афроди сармоягузор бар ин гуруҳҳо ҳоло бо васоити мудерни мухобиравӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Аз суи дигар ин афрод ба ҳар васила мехоҳанд фаъолиятҳои худро ошкоро ва ба таври расмӣ роҳандозӣ кунанд. Онҳо таҳти фаъолиятҳои ба истилоҳ хайриявӣ, ба мисли созмонҳо ва ё ширкатҳои кумакрасон марзҳои кишварҳоро хеле осон убур мекунанд.

Оқои Лемей афзуд, ки вай бо хоҳиши ҷониби Тоҷикистон дар ин нишаст ҳузур дорад ва манзури ширкати у ва дигар коршиносони байналмилалӣ аз ин нишаст ироаи пешниҳодоти мушаххас ҷиҳати мутобиқсозии қавонини Тоҷикистон бо меъёрҳои ҷаҳонии мубориза алайҳи терроризм ва амалиёти шустушуи пул мебошад.Оқои Лимей дар мавриди ҷо доштани амалиёти шустушуи пул ва маблағҳои барои гуруҳҳои террористӣ масрафшуда дар Тоҷикистон гуфт: "Ин масъалаи хеле душвор аст ва дар ҳамаи давлатҳо ҷо дошта метавонад. Аммо мо мадраке ва ё далеле, ки дар Тоҷикистон низ чунин масоил ба мисли амалиёти шустушуи пул ва ё маблағҳои ба гуруҳҳои террористӣ масрафшуда вуҷуд дорад, дар ихтиёр надорем".

Искандаршо Мирзоев, муовини сардори раёсати назорати умумии додситонии кулли Тоҷикистон, яке аз дигар иштирокдорони нишасти мазкур, низ гуфт, дар таҷрибаи кори додситонӣ парвандаҳои ҷиноии марбут ба маблағгузории гуруҳҳои террористӣ ва ё шустушуи пулҳои аз роҳи ғайриқонунӣ ба даст омада то ҳоли ҳозир тафтиш нашудааст. Аммо дар замони даргириҳои дохилии кишвар ин ҳолатҳо ба мушоҳида расидааст.

Коршиносон дар ин нишаст ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки гуруҳҳои террористӣ ва сармоягузорони онҳо алъон бо ҳар васила маблағҳои худро ба бонкҳо гузошта, ба ин васила амалиёти шустушуи пулҳояшонро таъмин мекунанд, зеро бонкҳо бар асоси меъёрҳои мавҷуда, яъне накушодани асрори муштарӣ, имкони тафтиши сарчашмаи ин пулҳоро надоранд ва гузашта аз ин, ҳаққи ба ихтиёри мақомоти тафтишотӣ вогузоштани ин маблағҳоро низ надоранд.

Иштирокдорони ин нишаст изҳори ақида намуданд, ки Тоҷикистон ба иллати ҳамсоягиаш бо Афғонистон - кишвари аслии тавлидкунандаи маводи мухаддир - дар оянда шоҳиди талоши гуруҳҳои манфиатдор барои амалиёти шустушуи пул хоҳад шуд. Зеро сеяки ҳиссаи маводи мухаддир аз тариқи қаламарви Тоҷикистон ба кишварҳои Аврупо интиқол мешавад ва гуруҳҳои табаҳкор сармояи худро аз тариқи номашруъ таъмин мекунанд.

Нишасти мазкур фардо низ идома хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG