Раҳматкарими Давлат
Созмони байналмилалии муҳоҷират аз оғози татбиқи як барномаи ҷадиди таъмини иттилооти ҳуқуқии муҳоҷирини тоҷик хабар дод.
Музаффар Зарифов, ёвари барномаи Созмони байналмиллии муҳоҷират дар Душанбе мегуяд, ин барномаи ҷадид ба манзури ошно сохтани шумори бештари муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон бо қавонини байналмилал ва кишварҳои муҳоҷирпазир амалӣ мешавад. Бо ҳадафи амалисозии барномаи мазкур як маркази маъхаз ва иттилоот таъсис шудааст ва қарор аст аз ибтидои соли оянда расман ба фаъолият оғоз кунад.
Музаффар Зарифов мегуяд: "Бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон вақте ба кишварҳои дигар ба мақсади кор ворид мешаванд, аз қонунҳои ин кишварҳо ягон хел иттилоъе надоранд. Мақсади мо он нест, ки муҳоҷирати меҳнатиро як ҳадаф барои Ҷумҳурии Тоҷикистон кунем, балки вазифаи мо пешгирии вайронкунии қонун нисбати шахсият ва пешгирии мушкилоте, ки муҳоҷирини меҳнатӣ доранд, мебошад."
Барномаи мазкур, ба гуфтаи оқои Зарифов, бояд дар чанд марҳила амалӣ шавад. Дар навбати аввал баргузор кардани конфронс, семинор ва давраҳои кутоҳи омузишӣ барои афроде, ки ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ машғул ҳастанд. Баъдан ҳам таҳия ва нашри мақолот, дастурҳо, китоб, аксҳо ва адабиёти марбут ба ин масъала. Ва ниҳоят мусоидат барои ҳамоҳангсозии қонунҳои Тоҷикистон бо қавонин ва ковенсияҳои байналмилалӣ дар мавриди ҳуқуқи муҳоҷирон.
Барномаи номбурда бо таъмини молии Созмони Рушди Байналмилалии Ийолоти Мутаҳидаи Амрико ЮСАИД ва бо ҳамкории Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва Созмони Байналмилалии Муҳоҷират амалӣ мешавад.
Ба назари коршиносон, амалӣ сохтани ин барнома аз ҳар ҷиҳат ба манофеъи муҳоҷирини Тоҷикистон хоҳад анҷом шуд. Зеро имруз ҳудуди як милён шаҳрванди қобили кори Тоҷикистон аз ҷамъияти 6 милённафарии ин кишвар дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебарад. Ин афрод маҷбуранд ба хотири таъмини шароити маишати хонаводаҳои худ дар хориҷ аз Тоҷикистон ба кор машғул шаванд. Аксар муҳоҷирини кории тоҷик дар Русия ба сар мебаранд ва дар аксари маворид ҳуқуқи ин муҳоҷирин аз ҷониби ширкатҳои корфармо ва ё ниҳодҳои интизомии Русия нақз мешавад.
Ҳамчунин тули чанд вақти охир ҳодисаи куштор ва ё нопадид шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия афзоиш пайдо кардааст. Бино ба иттилоъи расмӣ, дар тули шаш моҳи аввали соли равон аз ҷасади 211 шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия оварда шудааст, ки дар бораи сабаб ва авомили аксари мавридҳои қатли тоҷикон дар ихтиёри мақомоти дахлдори ин кишвар аз ҷониби Русия маълумот қарор дода намешавад.
Аз ин хотир, ба назари коршиносони умур, ҳалли ин масъала ба таваҷҷуҳи бештаи давлат ниёз дорад. Нуралӣ Давлат дар ин бора мегуяд: "Барои Тоҷикистон зарур аст аз таҷрибаи ҷаҳонӣ дар мавриди ҳуқуқи муҳоҷирин истифода кунад. Ва агар ҳукумати Тоҷикистон ин масъаларо бо ҷиддият ва қотеъият нагузорад, пеши роҳи ин масъала гирифта намешавад."
Ба назари коршиносон, Тоҷикистонро лозим аст дар ҷиҳати таъмини ҳуқуқи муҳоҷирини кории тоҷик бо соъири кишварҳое, ки муҳоҷирини тоҷик ба сар мебаранд, музокирот анҷом дода ва созишномаҳо ба имзо бирасонад.