Мирзои Салимпур
Рузномаи "Спорт-Экспресс"-и чопи Маскав менависад, машҳуртарин тими футболи Австрия "Аустрия", ки дар мусобиқоти футболи ин кишвар аз пойтахт, шаҳри Вена намояндагӣ мекунад, мехоҳад бозигари собиқаш Рашид Раҳимовро ба сифати сармураббӣ даъват кунад ва алакай ба таври пинҳонӣ музокиротро бо у шуруъ кардааст.
Рашид Раҳимов феълан мураббии тими "Адмира -Ваккер" мебошад. Матбуоти Австрия навишт, ки Рашид Раҳимови нисбат ба бозигарон сахтгир дар кутоҳфурсат тавонистааст аз ин тими ақибуфтода як дастаи пешрав ва муваффақ созмон диҳад.
Аммо музокироти "Аустрия" ҷиҳати ҷалби Рашид Раҳимов ҳануз расман аз суи ин тим таъйид нашудааст.
Рашид Раҳимов аз хушномтарин дастпарвардаҳои футболи Тоҷикистон буда, солҳо капитани тими "Помир"-и Душанбе буд. Рашид Раҳимовяк замон дар тими "Спартак"-и Маскав ва ҳам дар ҳайъати тими миллии Иттиҳоди Шуравӣ ва Русия бозӣ кардааст. У баъдан чандин сол бозиашро дар Австрия давом дод ва феълан дар ҳамон кишвар ба сар мебарад.