Мирзои Салимпур
Бино ба гузориши хабаргузории ИТАР-ТАСС, вазорати дифоъи Тоҷикистон имкони истифодаи нируҳояш дар ҷараёни бозсозии Афғонистонро ба баррасӣ гирифтааст. Дар ин бора раҳбари ситоди марказии нируҳои мусаллаҳи Тоҷикистон Рамил Нодиров дар ҷараёни музокироташ бо Мишел Массон, раиси бахши равобити хориҷии вазорати дифоъи Фаронса хабар дод.
Дафтари матбуоти вазорати дифоъи Тоҷикистон ба ИТАР-ТАСС гуфт, манзур таълими афсарони артиши Афғонистон дар донишкадаҳои низомии Тоҷикистон ва имкони истифодаи нируи миначинҳои тоҷик дар маъракаҳои поксозии майдонҳои минагузоришуда дар Афғонистон аст.
Ҷониби Фаронса аз меҳмоннавозии давлати Тоҷикистон, ки як ҳайъати низомиёни фаронсавиро барои истиқрор дар фурудгоҳи Душанбе иҷозат додааст, ибрози ташаккур намуд ва гуфт, Фаронса моили баргузории машқҳои муштарак бо артиши Тоҷикистон ба хотири табодули таҷрибаи пешбурди ҷанг дар шароити куҳистон мебошад.