Раҳматкарими ДавлатНуралишоҳ Назаров гуфт, марзбонони тоҷик ба ин кор омода шудаанд, аммо Саидамир Зуҳуров мегуяд, ин назари шахсии уст, на мавқеъи давлати Тоҷикистон.
Ҳукумати Тоҷикистон тибқи як мусаваба Абдураҳмон Азимов, фармондеҳи кулли нируҳои марзбонии ин кишварро раиси комиссияи бознигарии шароити Созишномаи байнидавлатии Тоҷикистону Русия дар бораи аз ҷониби нируҳои марзбонии Русия муҳофизат шудани марзҳои Тоҷикистон таъйин кардааст. Ин масъала дар ҷаласаи ду рузи пеши ҳукумати Тоҷикистон мавриди барасӣ қарор гирифта ва пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон дар бораи бознигарии шароити ин созишнома аз тариқи варати хориҷа ба мақомоти Маскав расонида шудааст.
Генерал Нуралишоҳ Назаров, фармондеҳи ситоди нируҳои марзбонии Тоҷикистон дар бораи зарурати ин пешниҳод гуфт: "Мувофиқи созишнома моддаи 8 менависад, ки вақте сарҳадбонони тоҷик ташаккул ёфтанд, метавонанд муҳофизати сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистонро ба тадриҷ ба уҳдаи худ бигиранд. Ман ҳамчун фармондеҳи сарситоди нируҳои марзбонӣ ҳамин хел баҳо медиҳам, ки нируҳои марзбонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло омода шудаанд. Мо, масалан, муҳофизати марз бо Хитойро ба уҳда гирифтем, хизмат дар ин қитъаи марз ба таври аъло пеш меравад. Дар масъалаи сарҳад бо Афғонистон се дидбонгоҳ ва гузаргоҳ дорем, ки ба таври муштарак бояд назорати онҳо сурат бигирад, вале дар он ҷо танҳо марзбонони Русия меистанд, мо не. Баъд аз ҳама муҳим назорати шоҳроҳи Қулма аст(яъне роҳи Душанбе - Хоруғ - Қулма), ин шоҳроҳ бояд дар назорати марзбонони Тоҷикистон бошад."
Ба гуфтаи генерал Назаров, дар тули даҳ соли ҳузури нируҳои марзбонии Русия дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ин нируҳо камтар ба тааҳҳудоти худ пойбанд боқӣ мондаанд. Ин нируҳо дар ҳимояти марз бо марзбонони тоҷик ҳамкории лозимро анҷом намедиҳанд. Гуруҳҳои қочоқбаре, ки аз ҷониби ин нируҳо дар марз боздошт мешаванд, ва маводи мухаддири боздоштнамудаашон ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дода намешавад. Дар ҳоле, ки ин масъла борҳо аз ҷониби додситони кулли Русия тавасути номаи расмӣ таъкид шудааст.
Генерал Назаров мегуяд, қисмати бештари марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, ки таҳти назорати нируҳои марзбонии Русия мебошад, аз ҷониби ин нируҳо ба таври бояду шояд муҳофизат намешавад. Оқои Назаров мегуяд: "Дар ҳақиқат чи хеле, ки талаб карда мешавад, он хел нест. Масалан, ман аз Хоруғ то ноҳияи Ишкошим, то дидбонгоҳи Лангар рафтам, ҳатто ягон гуруҳи сарҳадбононро дар марз надидам дар он ҷо. Яъне ки дар тули қариб садҳо километр ҳеҷ кас нест, ки марзро назорат кунад."
Ин ҳама дар ҳолест, ки Саидамир Зуҳуров, муовини сарвазири Тоҷикистон дар умури амният ва дифоъ ба хабаргузории "Интерфакс" гуфтааст, Тоҷикистон эътирозе дар ин бора надорад ва ҷонибдори боқӣ мондани нируҳои марзбони Русия дар марзҳояш бо Афғонистон мебошад. Зуҳуров таъкид кардааст, он чи ки генерал Назаров мегуяд, назари шахсии уст, на мавқеъи расмии ҳукумати Тоҷикистон.
Аммо ба гуфтаи Нуралишоҳ Назаров, ҳарчи ҳам бошад, воқеъият ин аст, ки то чанд вақти дигар комиссияи дуҷониба ба бознигарии созишномаи дар бораи ҳузури нируҳои марзбонии Русия дар Тоҷикистон оғоз мекунад.