Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавассути бонкҳо 78 милён ворид шудааст



Мирзои Салимпур



Бино бар таҳқиқоте, ки Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират ҳамроҳ бо маркази таҳлилии "Шарқ" анҷом додааст, тули соли гузашта аз ҳисоби муҳоҷирин ва танҳо тавассути бонкҳо ба Тоҷикистон беш аз 78 милён доллар ворид шудааст. Аммо ин гузориш пулҳоеро, ки аз роҳҳои ғайришаръӣ ва бидуни муҳосиба ба кишвар ворид шудаанд, ба ҳисоб намегирад.

Ношири ин хабар, хабаргузории "Азия Плюс" мегуяд, итминони муҳоҷирини тоҷик ба низоми бонкии Тоҷикистон сар аз соли ҷорӣ бештар шуд ва дар соли гузашта аксари онҳо ҳамчунон ба роҳҳои дигари таҳвили пул ба ватан бартарӣ медоданд.

Маркази таҳлилии "Шарқ" ду руз пеш эълом дод, ки солона танҳо аз ҳисоби пули муҳоҷирин ба Тоҷикистон аз 200 то 230 милён доллар ворид мешавад, ки тақрибан баробари буҷаи давлатии Тоҷикистон аст.

XS
SM
MD
LG