Мирзонабии ХолиқзодҚонуни дини Тоҷикистон барои созмонҳои ғайриисломӣ ҳатто ҳаққи бештар додааст.
Кумитаи ҳукумати Тоҷикистон дар умури дин мегуяд, дар ин кишвар беш аз 70 ташкилот ва созмонҳои динии ғайриисломӣ фаъолият мекунанд, ки пайравони онҳо бо аҳли ислом, ки 97 дар сади аҳолии ин кишвар мусалмонро ташкил медиҳанд, дар ҳамзистӣ ба сар мебаранд.
Дар Тоҷикистон ислом ягона дини бонуфуз ба шумор рафта, Шурои уламои мусалмонон ба фаъолияти муфтиҳо ва масҷидҳо дар ноҳияҳо ва вилоятҳои он назорат мебарад. Ва дар ин кишвар ҳизби наҳзати исломӣ ягона ҳизби динӣ фаъолияти расмӣ дошта, дар порлумон ду намоянда дорад.
Мазҳабҳои дигар ба монанди масеҳиёни мазҳаби православӣ, адвентистҳои рузи 7-ум, католикҳо, мусавиҳо, буддоиҳо, баптистҳо ва намояндагони динҳову мазҳабҳои дигар чандон таъсири рушане дар ҷомеаи Тоҷикистон надоранд, вале бар асоси Қонуни Асосии Тоҷикистон аз ҷумла қонун дар бораи дин баробар бо ислом ҳаққи зист дошта дар ҳамзистӣ зиндагӣ ба сар мебаранд.
Роҳиби калисои масеҳии Сонмин воқеъ дар шаҳри Душанбе Хан Сергей бо алфози маъруф дар дини Масеҳ "Шуморо Исои Масеҳ дуст медорад", мегуяд, дар Тоҷикистон дин озод аст ва пайравони Сонмин ҳеҷ мушкиле дар ибодат ва дар таблиғу ташвиқи мазҳаби худ надоранд.
Сергей Хан афзуд: "Агар ба таври умуми ҳарф бизанем, муносибати намояндагони мазҳабҳои дигар бо пайравони Сонмин дустона ва нек аст. Мо дар байни мардум кор мебарем, кушиш мекунем аҳолиро кумак кунем. Танҳо ба калисои шаҳри Душанбе ҳар рузи якшанбе 500 пайрав ба таври доимӣ барои ибодат меоянд. Дар ноҳияҳои дигари Тоҷикистон, ба мисли Хуҷанд, Регар, Ҳисор ва дар минтақаҳои дигар калисоҳои ин шохаи масеҳӣ амал мекунад."
Аз назари намояндагони дини ислом низ дар Тоҷикистон байни динҳо як ҳамзистӣ ва ҳамдигарфаҳмии рушане ҷой дорад, ки ҳатто дар Тоҷикистон дар ин роҳ бо кушиши кумитаи дини ин кишвар як барномае таҳти унвони "Гуфтугуи динҳо" роҳандозӣ шудааст.
Раиси Шурои Уламои Тоҷикистон Амонулло Неъматуллоҳзода дар ин хусус мегуяд: "Пайравони яҳудиёну насрониёну масеҳиё мазҳабҳои суннатӣ мебошанд ва динҳои суннатӣ бо исломиҳо дар бисёр масъалаҳо ҳамкору ҳамсуҳбат астанд."
Ва аммо ба назари коршиносони масоили дин, дар Тоҷикистон динҳо зоҳиран дустӣ ва робитаи нек доранд, аммо агар ба муносибати динҳо дар 10 соли ахир назар андозем, як навъ мусобиқоти мазҳабҳоро мебинем, ки талош доранд яке ҷои дигареро соҳиб шавад.
Ба гуфтаи оқои Неъматулоҳзода, баъзе аз динҳо дар ин роҳ мувафақ ҳам шуданд ва даҳҳо нафар бачаҳои тоҷик ки мусулмонзодаанд ба масеҳият гароиданд: "Дигар адёне, ки дар ин ҷо фаъолияти худро пеш мебурданд, бо сабаби мушкилоти иқтисодӣ, фақру нодорӣ баъзе одамонро ба тарафи худ кашиданд, ки аз нигоҳи қонун чунин амали онҳо дуруст набуд."
Аммо коршиноси пажуҳишгоҳи стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон Фаррух Умаров, ки дар риштаи муносибатҳои динҳо дар Тоҷикистон таҳқиқот мебарад, мегуяд, ба динҳои дигар ру овардани бархе аз ҷавонони мусулмон ду сабаби реалӣ дорад.
Вай меафзояд: "Яке сабабҳо ин аст, ки хурофот ҷои исломро гирифтааст ва иллати дигар ин аст, ки ташкилотҳои динии ғайриисломие, ки дини худро таблиғу ташвиқ мекунанд, мансуб ба кишварҳои неруманди Осиё ва Аврупо, ба монанди Ҷопону Инглистон мебошанд, ки аз нигоҳи моддӣ таъминанд ва бо роҳи кумаки моддӣ мардуми кишварро ба тарафи худ ҷалб мекунанд.Бар асоси хабари Кумитаи дини Тоҷикистон, беш аз 2000 мусулмон ба динҳои дигар ру овардаанд".
Бархе аз намояндагон идораҳои назорат бар фаъолияти динҳо мегуянд, пайравон ва таблиғгарони баъзе аз динҳо ба хусус динҳои ғайриисломӣ барномаҳои таблиғотии худро ғайриқонунӣ дар ҷойҳое пиёда мекунанд, ки қонуни дини Тоҷикистон онро иҷозат надодааст.
Раиси кумитаи давлатии дини Тоҷикистон Саид Аҳмадов дар робита ба ин масъала мегуяд: "Дар Тоҷикистон кушишҳои тундгароӣ аз тарафи ташкилотҳои динӣ ба мушоҳида намерасад, вале қонунвайронсозиҳо аз ҷониби баъзе аз ташкилотҳо дида мешавад. Дар он ҷойҳое, ки таблиғи дин ҷоиз нест, масалан дар хонаҳои мардум ва дар назди нуқтаҳои фарҳангӣ, бархе аз ташкилотҳои динӣ таблиғу ташвиқ бурдаанд, ки ин нодуруст мебошад".
Ба ин тартиб се моҳ мешавад, ки Кумитаи дини Тоҷикистон ба хотири боз ҳам шафофтар шудани қонун дар бораи дин онро мавриди баррасӣ қарор додааст. Оқои Аҳмадов, раиси ин кумита гуфт, тағйиру иловаҳо ба қонун ҷузъӣ буда, дигаргунии куллие дар банду моддаҳои он ворид нашудааст.
Ба назари Саид Аҳмадов, қонуни дини Тоҷикистон сад дар сад демократӣ буда, масалан, барои динҳои ғайриисломӣ имконияти бештар додааст.
Барои таъсиси як ташилоти динӣ аз тарафи мазҳабҳои ғайриисломӣ 10 то 15 имзо талаб карда мешавад, аммо барои созмондиҳии як ташкилоти исломӣ, масалан, як масҷид ҳудуди 15 ҳазор имзо лозим меояд.