Мирзои Салимпур
Бино ба маълумоти сафорати Афғонистон дар шаҳри Душанбе, 66 паноҳандаи афғон, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ба сар мебурданд, рузи панҷшанбе ба ватан баргаштаанд. Ин афрод, ки аъзои 9 хонаводаанд, акнун дар макони қаблии зисти худ - Кобул, Тахор, Қундуз ва Бадахшони Афғонистон зиндагӣ хоҳанд кард.
Намояндагии Коммисариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон ба хабаргузории "Азия Плюс" гуфтааст, аз соли 2001 ба ин тараф тавассути ин созмон аз дохили хоки Тоҷикистон ва аз ҷазираҳои рудхонаи Панҷ беш аз 10 000 беҷошудаҳои афғон ба маҳалли доимии зисти худ баргаштанд.
Хабаргузории "Интерфакс" аз қавли мақомоти сафорати Афғонистон дар Душанбе навишт, ки феълан дар қаламрави Тоҷикистон ҳудудан 1 500 паноҳандаи афғон боқӣ мемонад. Аммо созмонҳои байналмилалӣ ин шумораро дасти кам ду маротиба бештар ҳисоб мекунанд.